ФАЛАК- МУСИҚИИ УСТОДОНА. Дар бораи он ҳанӯз дар китоби Борбади Марвазӣ «Ҳафт парда» маълумот дарҷ гардида буд

Октябрь 10, 2018 09:47

ДУШАНБЕ, 10.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. 10 октябр ҳамасола дар саросари ҷумҳурӣ ҳамчун Рӯзи Фалак ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз дар тамоми гӯшаю канори кишвар як зумра барномаҳо бо ширкати фалаксароён аз минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ баргузор мегарданд. 

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 июли соли 1989 дар шаҳри Кӯлоб таҳти сарварии Давлатманди Хол ансамбли «Фалак» таъсис ёфт. 16 ноябри соли 2001 бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ансамбли «Фалак» мақоми давлатӣ дода шуд, ки ҳоло он дар назди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ фаъолият дорад. Аз соли 2007 инҷониб 10 октябр ҳамчун Рӯзи Фалак ҷашн гирифта мешавад.

Бояд зикр кард, ки фалак ҷузъи қавии фарҳанги тоҷикон буда, чун жанри мусиқии суннатӣ аз замонҳои хеле куҳан вуҷуд дошт ва бо мурури замон такомул ёфта, хусусиятҳои тоза касб намудааст. Мо ба он ҳамчун ба жанр назар андӯхта, аз рӯи мазмуни абёти фалакӣ ва мусиқии дилангези он маънои сарнавишти умрро дарк менамоем.

Тавре зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» фалаксарои машҳур  Давлатманди Хол иброз дошт, яке аз паҳлуҳои муҳими сиёсати давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон- ин рушду равнақ додани фарҳанги миллӣ ва шинос намудани ҷаҳониён бо дастовардҳои санъати тоҷик мебошад. Ҳар як халқ дар давраҳои муайяни таърихӣ бо дастовардҳои фарҳангии хеш ба тамаддуни умумибашарӣ саҳм гузоштааст. Тоҷикон низ дар ин самт нақши сазовор доранд.

«Ман аз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле минатдор ҳастам, ки бо талошҳои Сарвари давлат ин мусиқии суннатии тоҷик дубора пуштибони худро ёфт ва имрӯз ин ҳунар-фалакхонӣ дар мамлакати мо рушд ёфтааст. Дар ҷашни имсолаи фалак мо мехоҳем навгониҳои зиёдро ба мардум пешниҳод намоем. Ба ин хотир дар барномаҳо бештар ҷавонон даъват мешаванд»,- иброз дошт мавсуф.

Таърихи фалак хеле куҳан буда, пайдоиши онро ба қарнҳои IX-X мансуб медонанд.

Муҳаққиқон бар он назаранд, ки танҳо хусусиятҳои шеваҳои иҷрои маҳалҳои гуногун дар матни сурудҳои фалак зиёд ба назар мерасад ва матнҳои сурудҳо аз хусусиятҳои овозии тарзи гӯиши гуногун таркиб ёфтаанд.

Ба ақидаи муҳаққиқ ва устоди Консерваторияи миллии Тоҷикистон Қурбони Қурбониён, фалак аз даврони китоби «Авасто», аз замони Борбади Марвазӣ вуҷуд дошт ва аз ҳафт парда иборат буд.

«Фалак низоми муайяни худро дорад, ки аз шохаҳои гуногун иборат аст. Фалак дар китоби Борбади Марвазӣ «Ҳафт парда» дарҷ гашта буд, аз ин лиҳоз фалакро яке аз мусиқиҳои устодона гӯем ҳам, хато намекунем, зеро фалак- ин розу ниёзи халқ, розу ниёзи мардум аст, ки сароида мешавад»,- зикр намуд муҳаққиқ.

Бастакори зиндаёд Талабхуҷа Сатторов решаҳои фалак ва пайдоиши онро аз анъанаҳои аҷдодии қадимии мо, аз замони Зардушт ва ватани онро Осиёи Миёна медонист. Т. Сатторов наътро ҳам яке аз равияҳои фалак номида, тарзҳои иҷрои онро дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои форсизабон ҳамчун як намуди ташаккулёфтаи ин жанри суннатӣ меҳисобид. Баъзе хусусиятҳои фалакро Т. Сатторов дар тасаввуф ва ҷараёнҳои он ҷустуҷӯ менамуд.

Ба андешаи Қ. Қурбониён, ба оҳанги фалак на танҳо рубоиёти халқӣ, инчунин матнҳо аз ғазалу рубоиҳои шоирони классикӣ ворид гаштаанд, ки мазмуни баланд доранд.

Ба муносибати таҷлили 10- солагии Рӯзи Фалак, 10 октябри соли 2017  китоби муҳаққиқ Қурбони Қурбониён бо номи «Фалак ва системаи лаҳнии он»аз чоп баромад, ки дар худ мақолаву маводи устодону муҳаққиқони зиёдеро доир ба ин навъи мусиқӣ дар бар мегирад. Китоби мазкур барои донишҷӯёни фалаксаро хеле муфид буда, дар он ин жанр ба нотаҳо дароварда шудааст.

Профессор, устоди Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхуҷа Сатторов  Қурбони Қурбониён дар китоби худ  роҷеъ ба номгузории пардаҳои фалак маълумот дода, оид ба нақши дутор, думбра ва зинабандии он дар рушди анъаноти иҷрои фалак ва системаи лаҳнӣ ибрози ақида намудааст.

Ба зикри Давлатманди Хол, ҳунармандони бомаҳорат бояд таҷрибаи бойи худро ба насли имрӯза омӯзанд, зеро имрӯз бисёр ҷавонон ба фаровардҳои фалак таваҷҷуҳ доранд.

«Имрӯз мо бояд фалакро бо воситаҳои техникии замонавӣ, асбобҳои мусиқии нав мутобиқ гардонда, онро ҳамқадами замон созем ва пешкаши ҷаҳониён гардонем», гуфт Давлатманди Хол.

Ба гуфтаи ин ҳунарманд, имрӯз дар гӯшаву канори мамлакат ҳофизони зиёде ҳастанд, ки ба фалаксароӣ машғуланд ва сурудҳои эстрадие, ки имрӯз дар ҷомеа маъмул гардидаанд, фаровардҳои фалаканд.

Аз ин лиҳоз ин ҳунарманди соҳибтаҷриба тасмим гирифтааст, ки асбобҳои мусиқии навсохтро бо ҳам тавъам намуда, оркестри фалак таъсис диҳад.

Имрӯзҳо баҳри арҷгузорӣ ба ин мусиқии ниёгон нишастҳои илмиву амалӣ, симпозиуму конфронсҳои байналмилалӣ, силсилаи барномаҳои консертӣ дар дохил ва хориҷи кишвар баргузор гардида, омӯзиш ва пажӯҳиши ин жанр дар бахши махсус мавриди назар қарор дода шудааст. Боварӣ дорем, ки ин ҳама дар таҳким ва рушди фалак чун жанри мусиқии суннатӣ нақши бориз мегузоранд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

 

Октябрь 10, 2018 09:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии Чин густариш меёбад
Дар Панҷакент Кӯшки суғдӣ кашф гардид
БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОСОРХОНАҲО. Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон иқдоми байналмилалии «Шабе дар осорхона» доир мешавад
Оҳангсоз аз Эрон: «Шашмақомсароёни тоҷик хеле садои дилнишину оромбахш дошта, дар фосилаҳои садоии созҳои ин жанр бартарӣ доранд»
Дар доираи Фестивал-симпозиуми байналмилалии «Шашмақом» дарси маҳорат бо услуби «устод – шогирд» доир шуд
150 номгӯй китоби бадеӣ, илмӣ ва таърихии нашриёти Тоҷикистон ба Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Теҳрон» пешниҳод гардид
«БОЗ ДАР ГӮШАМ РАСАД САВТУ НАВОИ ШАШМАҚОМ». Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи шашмақом таҷлил мегардад
«ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА». Бахшида ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон барнома доир мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъати тоза пайдо намудааст
РӮЗИ ШАШМАҚОМ. Ба ифтихори ин шоҳасари мусиқӣ консерти бошукуҳ баргузор мегардад
««ШОҲНОМА»- МАКТАБИ ХУДШИНОСӢ ВА ПАРЧАМИ ИФТИХОРИ МИЛЛӢ. Андешаҳо оид ба таъсири «Шоҳнома» ба эҷодиёти Лоиқ Шералӣ
Фарҳангиёни Тоҷикистон бояд дар зеҳни ҷавонон тафаккури солими миллиро инкишоф дода, Ваҳдати миллиро таҳким бахшанд