Форуми байнипарлумонии Тоҷикистону Россия баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 22.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Аз 24 то 26 октябр дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Форуми VI байнипарлумонии «Россия–Тоҷикистон: неруи ҳамкории байниминтақавӣ» бо ширкати фаъолонаи роҳбарияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия, вазорату сохторҳои марбутаи Россия ва доираи васеи соҳибкорон баргузор мегардад.
Назар ба иттилои ёвари Раиси Маҷлиси миллӣ оид ба робита бо ВАО Наврӯз Қурбонзода, дар доираи Форум баргузории ҷаласаҳои Комиссияи палатаҳои болоии парлумонҳои Тоҷикистону Россия ва суҳбатҳои «мизи мудаввар» доир мегарданд.
Интизор меравад, ки дар онҳо масъалаҳои марбут ба такмили асосҳои ҳуқуқӣ, ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, аграрӣ, саноати хӯрокворӣ, инчунин дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Россия дар бахши илм, маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ матраҳ хоҳанд гардид.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






