Хизматрасонӣ дар хатсайри автобуси №22 шаҳри Душанбе пурра тавассути корти электронӣ ба роҳ монда мешавад

Октябрь 2, 2018 10:00

ДУШАНБЕ, 02.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  тасмим гирифтааст, ки шурӯъ аз 3 октябри соли  равон  хизматрасонӣ  дар хатсайри автобуси №22-и пойтахт   (маҳаллаи Испечак — кӯчаи Гагарин) пурра тавассути  корти электронӣ  ба роҳ монда шавад.

Дар ин бора  аз Раёсати  иттилоот ва робитаҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар робита ба ин,  аз шаҳрвандон хоҳиш  карда мешавад, ки кортҳои электрониро аз терминалҳои назди истгоҳҳо  ва мағозаҳои фурӯши рӯзномаю маҷаллаҳои ин макон  дастрас намоянд.

Ёдовар мешавем, ки  шурӯъ  аз   1 апрели соли равон  дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умуми шаҳри Душанбе —  автобусу   троллейбус  пардохти роҳкиро  пурра     ба шакли  ғайринақдӣ, дар айни замон  ба воситаи  корти ягонаи  «Cityсard» ба роҳ монда шудааст.  Ин иқдом дар асоси татбиқи  лоиҳаи «Низоми пардохти электронии роҳкиро ва назорати он дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умуми шаҳри Душанбе» амалӣ  мешавад.

Низоми мазкур бо мақсади содагардонии раванди пардохти роҳкиро дар воситаҳои нақлиёти автомобилии истифодаи умум роҳандозӣ гардида, амалӣ намудани он як қатор бартарият, аз қабили зиёдшавии даромади корхонаҳои мусофиркашонӣ, ба иқтисодиёти расмӣ фаро гирифтани ҳамаи маблағҳои гардиш, ҳалли баҳсҳо оид ба бозпасгирии бақияпулиҳо, назорати мунтазами гардиши молиявӣ, назорати рафтуомади воситаҳои нақлиёти мусофирбар, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, танзим ва назорати реҷаи гардиши воситаҳои нақлиётро дорад.

Хотиррасон менамоем, ки дар ҳолати аз ҷониби мусофирон харидани  корт барои 50 ва зиёда аз он сафар тариқи кортҳои пластикии нақлиётӣ дар автобус ва троллейбус   барои донишҷӯён 30 фоиз,  барои дигарон 15 фоиз  тахфиф  пешниҳод мешавад.

Ҳамчунин  меҳмонону  сайёҳони хориҷӣ     метавонанд аз терминалҳои махсусе, ки дар истгоҳҳо амал мекунанд  ва дигар нуқтаҳои фурӯши шаҳрӣ   кортҳои кӯтоҳмуддати пардохти зудамал (QR-Kod) барои 4 ва 8 сафар  мутаносибан бо арзиши 5 (панҷ) ва 10 (даҳ) сомонӣ дастрас намоянд.

 

Октябрь 2, 2018 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд