Ифтитоҳи бинои Мактаби санъат дар шаҳри Гулистон

Октябрь 25, 2018 10:26

ДУШАНБЕ, 25.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон Мактаби санъатро, ки бо тарҳи хеле зебо бунёд гардидааст, бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ ифтитоҳ карданд.

Бинои мактаби санъат аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 135 ҷойи нишаст мебошад.

Сохтмони иншооти фарҳангу маърифатӣ моҳи июни соли 2016 оғоз гардида, моҳи августи соли 2018 бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои миллию ҷаҳонӣ ба анҷом расонида шудааст.

Зимни шиносоӣ бо шароити бинои тозабунёд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, омӯзгорони санъату ҳунари шаҳри Гулистонро ба фаъолияти пурсамар ҳидоят намуданд.

Бинои наву замонавии мактаби санъат аз бист утоқи дарсӣ, аз ҷумла синфхонаҳои рассомӣ, фортепиано, рубобҳои гуногун, солфеҷио, дутор, доира, карнай, овозхонони фалаку шашмақом, синфи компютерӣ ва китобхона иборат мебошад.

Дар мактаби санъат инчунин як толори намоиш, толори консертӣ, ҳуҷраҳои кории омӯзгорон, роҳбарияти мактаб ва ҳуҷраҳо барои омӯзиши дигар асбобҳои мусиқӣ, толори рақс, рассомӣ ва кулолгарӣ мавҷуданд.

Дар таҳхонаи бинои мазкур синфхонаи кулолгарӣ, ҳайкалсозӣ, омӯзиши санъати рақс, синфи карнай, доира ва толори хурди намоиш сохта шудааст.

Аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Мактаби санъати шаҳри Гулистон 50 адад асбобҳои мусиқии гуногун тақдим карда шуд.

Баъд аз шиносоӣ бо шароити корӣ дар толору синфхонаҳои Мактаби санъати шаҳри Гулистон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо омӯзгорону толибилмони шаҳр суҳбати самимӣ доир карданд.

Ифтитоҳи бинои Мактаби санъат дар шаҳри Гулистон 25.10.2018

Октябрь 25, 2018 10:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд