Имрӯз дар Душанбе Фестивали фарҳангии «Рӯзҳои Япония» оғоз меёбад

Октябрь 27, 2018 10:10

ДУШАНБЕ, 27.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Шоми имрӯз, 27 октябри соли равон, соати 17:30 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ маросими ботантанаи «Рӯзҳои Япония» ифтитоҳ меёбад.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар назар аст, ки қабл аз оғози барномаи консертии ифтитоҳи рӯзҳо дар назди театр намоиши ҳунарҳои мардумии Япония ва Тоҷикистон манзури меҳмонон гардонида шавад.

Ҳамчунин ба иттилои манбаъ, рӯзҳои 27-28 октябр дар Маркази Исмоилияи шаҳри Душанбе намоиши ҳунарҳои мардумӣ, дастовардҳои сайёҳӣ ва техникӣ, либосҳо ва хӯрокҳои миллӣ сурат мегирад.

Мақсад аз баргузории рӯзҳо густариши робитаҳои фарҳангии дуҷониба миёни Тоҷикистону Япония мебошад.

Баргузории Рӯзҳо имкон медиҳад, ки  тамошобини тоҷик дар муҳити воқеӣ бо фарҳангу анъанаҳои Япония шинос гардад.

Ёдовар мешавем, ки фестивал аз ҷониби Сафорати Япония дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил мешавад.

Октябрь 27, 2018 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид