КИТОБ САРЧАШМАИ ДАРЁИ АҚЛ АСТ! Бардошт аз намоишгоҳи ҳаштуми байналмилалии «Китоби Душанбе»
ДУШАНБЕ, 19.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи дуюм аст, ки дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар» намоишгоҳи ҳаштуми байналмилалии «Китоби Душанбе» ҷараён дорад.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, аз намоишгоҳи мазкур дар баробари аҳли фарҳанги мамлакат, ҳамчунин намояндагони кишварҳои Россия, Ӯзбекистон, Ҳиндустон, Туркия, Афғонистон, Франсия ва Амрико низ дидан намуданд.
Директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ» Абдуқодири Абдуқаҳҳор зимни суҳбат бо хабарнигори «Ховар» аз он ёдовар шуд, ки дар ин намоишгоҳ китобҳое ба маъраз гузошта шудаанд, ки афкори мухталифи ҷомеаро фаро мегиранд. Ба таъкиди номбурда, баргузории чунин намоишгоҳҳо барои муаррифии бештари эҷодиёти пурғановати адибон ва файласуфони тоҷик дар арсаи ҷаҳон заминаи хуб фароҳам меоварад.
Зикр шуд, ки пешрафту тараққиёти ҳар як кишвар аз насли ҷавону бомаърифати ӯ вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ Ҳукумати мамлакат ба ин соҳа таваҷҷуҳи махсус равона кардааст.
Маҳноз Маликзода аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аз иштирок дар ин намоишгоҳ хеле хушҳол буд. «Ман дар ин намоишгоҳ асарҳои тозанашри нависандагону адибони кишвари худро муаррифӣ мекунам. Хеле мамнунам, ки ба мамлакати шумо омада, бо аҳли адаб ва эҷодиёти онҳо аз наздик шинос шудам. Ман бо бархе адибон робитаи дӯстӣ низ пайдо намудам. Чунин намоишгоҳҳои китоб бояд ҳарчи зиёдтар ташкил шаванд, зеро онҳо ҳам аҳли адабу фарҳанг ва ҳам мардумони одиро бо ҳам дӯсту ҳамфикр мегардонанд»,-мегӯяд Маҳноз Маликзода.
Мавриди зикр аст, ки дар баробари адибону фарҳангиён, насли ҷавон низ дар ин чорабинӣ иштирок дошт. Ҷавонон ҳар кадоме бо шавқ аз намоишгоҳ дидан мекарданд ва китобҳоеро, ки дер боз дар ҷустуҷӯяшон буданд, дар ин ҷо дарёфт менамуданд.
Донишҷӯ Нигора Вазирбекова пайваста ба мутолиаи китоб машғул аст. Ӯ изҳор дошт, ки «намоишгоҳи мазкур имкон медиҳад наврасону ҷавонон бо китобҳои тозанашри ватанию хориҷӣ шинос ва ба ин восита шавқу рағбати онҳо ба китоб боз ҳам бештар гардад. Имрӯз, ки ҷаҳон дар ҳоли рушд аст ва технология пеш меравад, баргузории чунин намоишҳои китоб амри зарурӣ ва нишонрас аст. Зеро насли ҷавони мо пайваста дар пайи омӯзиш аст. Ҳадафи намоиш низ ҷалб намудани ҷавонон ба китобу китобхонист».
Ҳадаф аз баргузории Намоишгоҳи ҳаштуми байналмилалии «Китоби Душанбе» ба намоиш гузоштани комёбиҳо ва дастовардҳои соҳаи табъу нашри миллӣ дар даврони истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин тарғибу ташвиқи мероси адабии мардуми тоҷик ва шиносоӣ бо адабиёти ҷаҳон, омӯзиши таҷрибаи ҷаҳонии соҳаи табъу нашри китоб, истифодаи таҷҳизоти муосири полиграфӣ ва дигар маводи чопӣ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки намоишгоҳи мазкур то 20 октябр идома меёбад.








Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






