«Конститутсия – сарчашмаи соҳибистиқлолии миллат ва пойдории давлати миллӣ». Таҳти ин унвон дар Душанбе Конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 31.10.2018 /АМИТ «ХОВАР»/. 5 ноябри соли равон бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Конститутсия – сарчашмаи соҳибистиқлолии миллат ва пойдории давлати миллӣ» Конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор мегардад.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, конференсияи мазкур ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, ҳадаф аз баргузории он пойдории волоияти қонун, таҳкими ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони пойтахт мебошад.
Дар конференсия намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, роҳбарони сохторҳои зертобеи он, олимону коршиносон ва намояндагони дигар сохторҳои марбута иштирок ва маърӯза менамоянд.








Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад






