Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» ба давраи тирамоҳу зимистон омода аст
ДУШАНБЕ, 15.10.18 (АМИТ «Ховар»). Сардори Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» Мурод Юсуфов ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки Маркази мазкур аз 16 сентябр фаъолияти худро бо иқтидори умумии зиёда аз 170-180 мВт оғоз намуд.
«Тамоми инфрасохтори зарурии Маркази гармидиҳӣ барои гузаронидани давраи зимистон дар якҷоягӣ бо ҳамтоёни чинӣ ба ҳолати омодагии мувофиқ оварда шудааст»,- мегӯяд М.Юсуфов.
Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта марказ тақрибан 1500 иншооти пойтахтро бо неруи барқ ва гармӣ таъмин намуд. Имсол ин теъдод ба 1800 адад расидааст.
«Мо имсол барои гузаронидани мавсими зимистон 760 ҳазор тонна ангиштро, ки дар ноҳияи Айнӣ истихроҷ шудааст, захира намудем. Ҳар рӯз ба марказ 3-4 ҳазор тонна ангишт ворид карда мешавад»,- илова кард ӯ.
Ба саволи он ки кай дар пойтахт системаи таъмини гармӣ фаъол мегардад, сардори Маркази мазкур ҷавоб дод, ки ҳамааш аз қарори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вобастагӣ дорад.
Бояд зикр кард, ки дар Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» 670 нафар аҳолии пойтахт бо ҷои кор таъминанд.








Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд






