«МАТБУОТ ПУШТИБОНИ ЗАБОНУ ТАМАДДУНИ МИЛЛАТ АСТ». Чунин нигоштааст муаллифи мақолаи рӯзномаи «Овози тоҷик»-и Ӯзбекистон

Октябрь 17, 2018 13:44

ДУШАНБЕ, 17.10.2018./АМИТ «Ховар»/. Устод Садриддин Айнӣ 25 августи соли 1924 дар нахустин шумораи рӯзномаи «Овози тоҷик» мақолае таҳти унвони «Қавми тоҷик ва рӯзнома» нашр карда, дар он бо ифтихор мужда дода буд: «…имрӯз ба саъйи ҳукумат рӯзномае ба забони тоҷикӣ баромад».

Айнии донишманду дурандеш дар он бо боварии комил пешгӯйӣ ҳам карда буд: «Ин рӯзнома мисли номаш, албатта ба забони тоҷикӣ хоҳад буд». Устоди бузург ба оянда бо эътимод назар андохта, дар охири мақолааш менависад: «Мо умедворем, ки қавми тоҷик, хусусан бечорагони эшон ба атрофи рӯзномаи худ ҷамъ мешаванд».

Устодон Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ  аз аввалин дастандаркорони рӯзнома буданд. Солҳои гуногун шогирдони онҳо Пайрав Сулаймонӣ, Суҳайлӣ Ҷавҳаризода, Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Абдусалом Деҳотӣ ва рӯзноманигорону адибони дигар аз як гиребон сар бароварда, ба пешрафт ва пурмазмун баромадани он саҳмгузор шуданд. Баробари ин осори хешро дар «Овози тоҷик» чоп карда, машҳуру маҳбуб гардиданд.

Пешгӯйӣ ва умедҳои устод Айнӣ амалӣ шуданд. «Овози тоҷик» аз рӯзномаҳои марказии обрӯманду муътабари мамлакату халқамон гардид. Дар атрофи он ҳаммиллатони мо ҷамъ омада, рӯзномаро беш аз пеш хонданиву сермазмун карданд. Ҳоло «Овози тоҷик» воқеан пуштибони забон, тамаддун ва ҳастии миллати мо, маслиҳатгару роҳнамои мост.

Ман аз солҳои мактабхонӣ бо ин рӯзнома ошноӣ пайдо кардаам. Аз аввали солҳои 50-уми асри гузашта ба бисёр рӯзномаю маҷаллаҳо обуна мешаваму онҳоро мунтазам мутолиа мекунам. Қариб 40 сол дар мактаби зодгоҳам омӯзгорӣ кардам. Мо ғайр аз воситаҳои таълимӣ, ба матбуот, аз ҷумла ба рӯзномаи «Овози тоҷик» ҳам такя карда, дарсу машғулият мегузарондем. Аз ин фақат бурд кардаем.

Ман ҳоло нафақахӯрам. Ҳоло ҳам рӯзномаю маҷалла, аз ҷумла «Овози тоҷик»-ро мунтазам мехонам.
Шахсе, ки рӯзнома намехонад, аз набзи замон бехабар мемонад. Дуруст аст, ки пештар обуна шудан мушкил буд, ҳоло осон аст. Метавонем ба як сол ё ки барои 6 моҳ обуна шавем ва пасон муҳлати онро дароз кунем. Зеро миқдори обуначиён ҳар қадар зиёд бошад, шуҳрати рӯзнома ҳамон қадар меафзояд, сафи хабарнигорону нависандагони ҷамоатӣ бештар мешавад.

М. МУСОЕВ,
собиқадори таълим аз ноҳияи Чуст

Рӯзномаи «Овози тоҷик», 12 октябри соли 2018

Октябрь 17, 2018 13:44

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ». Он фаъолияти китобхонаҳоро ба талаботи замони муосир мутобиқ менамояд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ доир ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон оид ба хатари терроризм ҳамоиш баргузор шуд
Бинои нави маъмурии Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» ба истифода дода шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи фалак ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи фалак таҷлил мегардад
Тоҷикистон дар Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ соҳиби ҷойи аввал гардид
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиши забони англисӣ густариш медиҳанд
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиш ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ тақвият медиҳанд
Даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» доир мегардад
Таҳкими ҳамкорӣ байни Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо Шурои Британия дар Душанбе баррасӣ гардид
Иштирокдорони Бозиҳои ХХ Делфии ҷавонони ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир мегардад