Муассисаҳои соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ ба шабакаҳои гармидиҳӣ пайваст мешаванд

Октябрь 17, 2018 16:26

ДУШАНБЕ, 17.10.2018. /АМИТ «Ховар»/.  Имсол пастшавии ҳарорати ҳаво назар ба солҳои пешин дар ҷумҳурӣ барвақттар ба назар расид. Аз ин рӯ қабл аз фарорасии сардиҳо дар вазорату идораҳо корҳои омодагӣ ба давраи зимистон сурат мегиранд. Яке аз соҳаҳое, ки мардум ба он бештар ниёз доранд ва новобаста аз мавсими сол  пайваста ба он рӯ меоранд, соҳаи тандурустӣ  мебошад.

 Дар бораи омодагии муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 мухбири АМИТ «Ховар» бо сардори раёсати иқтисодӣ ва банақшагирии буҷети соҳаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидалӣ Ҳафизов  ҳамсуҳбат гардид.

Ба гуфтаи С.Ҳафизов, «дар муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ҳамагӣ 121 адад дегхонаҳои буғӣ буда, айни ҳол 89 адад (73%) дар ҳолати коршоямӣ, 4 адад (3%) таъмирталаб ва 30 адад (24%) дар ҳолати корношоямӣ қарор доранд. Инчунин муассисаҳои соҳа дорои 1002 адад генератори барқӣ  буда, дар ҳолати қатъ гардидани қувваи барқ генераторҳо мавриди истифода қарор дода мешаванд».

Ҳамсуҳбат иброз дошт, ки  бо мақсади истифодаи самараноки энергияи гармӣ ва сарфаҷӯии неруи барқ ҷиҳати пайвастшавӣ ба шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Душанбе аз 105 муассисаи соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки дар шаҳри Душанбе ҷойгир шудаанд, 44 муассиса ба шабакаҳои гармидиҳӣ пайваст мебошанд ва  14 муассиса гармиро аз дегхонаҳои локалӣ истифода мебаранд. Инчунин дар  37 муассиса системаи дохилӣ барои  қабули гармии мутамарказ омода буда, дар ҳолати гузаронидани хатҳои шабакаҳои гармидиҳӣ дар маҳалли ҷойгиршавӣ онҳо ба ин хатҳо пайваст карда мешаванд.

Ба гуфтаи С.Ҳафизов, дар 10 муассисаи боқимонда корҳои васлгарии системаи гармидиҳӣ  идома дошта, дар назар аст, ки пас аз анҷоми пурраи корҳо муассисаҳои мазкур  ба шабакаҳои гармидиҳӣ пайваст карда мешаванд.

«Ҳамзамон бо мақсади пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирии сӯхтор дар бинову иншооти соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ, таъмини истифодаи дурусти маводи сӯхт ва дастгоҳҳои барқию гармидиҳӣ ба ҳамаи роҳбарони муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ супориши қатъӣ дода шудааст, ки риояи ҳатмии қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхторро пурра таъмин намоянд», — зикр намуд мусоҳиб.

Бо иттилои С.Ҳафизов, бо мақсади сари вақт омода намудани муассисаҳои соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 нақшаи захираи ангишт 8 ҳазору 206 тонна пешбинӣ гардида, дар асл 8 ҳазору 221 тонна (100,2%), ҳезум 7 ҳазору 098 м3, дар асл 7 ҳазору 233 м3 (101,9%), сӯзишворӣ 80 ҳазору 155 литр, дар асл 80 ҳазору 162 литр (100,0%), картошка 291 тонна, дар асл 269,9 тонна (92,7%), пиёз 139,7 тонна, дар асл 133,6 (95,7%) тонна, орд  243,2 тонна, дар асл 237,4 тонна (97,6%), равған 36 ҳазору 544 литр, дар асл 35 ҳазору 050 литр (95,9%) ва дигар намуди  хӯрокӣ 352,1 тонна, дар асл 345,4 (98,1%) тонна захира карда  шудааст.

«Бояд зикр намуд, ки корҳои омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 дар муассисаҳои соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ  ҳоло ҳам идома доранд», — гуфт С.Ҳафизов.

Ибодат ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Октябрь 17, 2018 16:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Мактаб, оила ва ҷомеа — се неруе, ки бояд иттиҳоди ҳамешагӣ дошта бошанд
20 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТОЗАГӢ. Маданияти шаҳрнишиниро риоя бояд кард!
Ҷавонони Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии ҷавонон-2026 дар Екатеринбург иштирок намуданд
Дар Душанбе «Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол – 2026» ҷамъбаст гардид
Байни Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Вазорати идоракунии ҳайати Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
16 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КАРДИОЛОГИЯИ ИНТЕРВЕНСИОНӢ. Табобати бемориҳои дилу раг бо истифодаи ҷарроҳиҳои муосир ва бе буриши калон ба куллӣ тағйир ёфтааст
Тоҷикистон ва Британияи Кабир масъалаи таҳия ва имзои санади нави ҳамкориро дар самти пешгирии ҳолатҳои фавқулода баррасӣ карданд
Дар Душанбе роҳҳои нави ҳамкорӣ бо ҷамъиятҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ баррасӣ гардиданд
Тоҷикистон ва Чин робитаҳои илмӣ-таҳлилӣ ва ҳамкории минтақавиро густариш медиҳанд
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Ин озмуни ҷумҳуриявӣ бо мақсади таҳкими фарҳанги оиладорӣ баргузор мешавад
Дар фасли тирамоҳ бемориҳои сироятии мавсимӣ зиёд мешаванд