Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ

Октябрь 11, 2018 14:05

ДУШАНБЕ, 11.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. 11 октябри соли 2018 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои рӯзмарраи муносибатҳои дӯстонаи кишварҳо ва мавзуъҳои мубрами сиёсати байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай, баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Абдуллоҳ Абдуллоҳро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, таъкид доштанд, ки мо аз рӯзҳои аввали  соҳибистиқлолӣ саъю талош меварзем, ки дар кишвари дӯсту ҳамсояи мо — Афғонистон сулҳу салоҳи комил ҳукмфармо бошад.

Ҷонибҳо аз бархурдҳои хунин дар кишварҳои исломӣ, паҳншавии фаъолияти харобиовари нерӯҳои террористиву экстремистӣ, шиддат гирифтани рақобатҳои геополитикӣ ва геостратегӣ изҳори нигаронӣ карданд.

Таъкид гардид, ки муборизаи муштарак бар зидди таҳдидҳои глобалӣ, чун  терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар шаклҳои  ҷинояткории созмонёфтаи фаромиллӣ, густариши ҳамкории амниятии кишварҳоро тақозо мекунад.

Ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика ва инфрасохтори роҳ ҳамчун самтҳои афзалиятноки муносибатҳо арзёбӣ гардида, татбиқи барномаи САSA-1000, бунёди роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон, намунаи беҳтарини робитаҳои дуҷониба номида шуд.

Ҷонибҳо омодагии худро барои рушду ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату сармоягузорӣ, илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва иттилоот таъкид намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули андеша карданд.

Мулоқот бо Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ 11.10.2018

Октябрь 11, 2018 14:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд