Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо доираҳои соҳибкории Япония
ДУШАНБЕ, 05.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. 5 октябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар шаҳри Токио бо роҳбарияти Ассотсиатсияи тиҷорат бо Россия ва кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ROTOBO) ва корпоратсияҳои бонуфузи Япония Иточу (ITOCHU), Марубени (Marubeni), Митсубиши (Mitsubishi), Сумитомо (Sumitomo), Соҷитс (Sojitz), МУФГ Банк (MUFG Bank), Кавасаки Ҳеви Индастриес (Kawasaki Heavy Industries LTD.) мулоқот карданд.
Зимни баромади худ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба фазои амну суботи кишвар, имконоти васеи сармоягузорӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳайё гардидааст, андешаронӣ намуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҷалби технологияи муосир, сармоягузорӣ ба татбиқи лоиҳаҳои барои ҷонибҳо судманд, таъсиси корхонаҳои муштарак, таҳкими ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, зарурати ба роҳ мондани муносиботи зичу пурсамари ташкилотҳои молиявӣ ва сармоягузории Япония суханронӣ карданд.
Дар мулоқот имконоти мусоиди ҳамкорӣ дар самти иштироки ширкатҳо ва ташкилотҳои молиявии японӣ дар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, алалхусус дар соҳаи тиҷорат, сохтмон, нақлиёту алоқа, саноати кӯҳӣ, саноати сабук ва хӯрокӣ, кишоварзӣ ва коркарди маҳсулоти он, туризм, дар бахши гидроэнергетика, аз ҷумла бунёди неругоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ ва дигар соҳаҳои барои тарафҳо манфиатбахш муаррифӣ карда шуд.
Рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои истихроҷи маъданҳо, коркарди аллюминий, боғдорӣ, заминдорӣ, чорводорӣ, истеҳсолу коркарди пахта ва бо истифодаи захираи бузурги растаниҳои табиии шифобахш густариши ҳамкорӣ дар соҳаи фармасевтӣ муҳим арзёбӣ карда шуд. Дар соҳаи фармасевтӣ фаъолияти корхонаи муштараки “Аввалин” оид ба коркарди растаниҳо ва истифодаи маҳсулот аз онҳо намунаи беҳтарини ҳамкории дуҷониба маънидод гардид.
Таъкид шуд, ки ҷониби Тоҷикистон омода аст ҳамкориро бо Ассотсиатсияи тиҷорат бо Россия ва кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ROTOBO) ва корпоратсияҳои бонуфузи Япония оғоз намуда, робитаҳоро таҳким бахшад.
“Тоҷикистон барои ба роҳ мондани тиҷорат ва маблағгузорӣ дар асоси манфиатҳои дуҷониба имкониятҳои фарох дорад ва мо омодаем дилхоҳ пешниҳодро барои рушду густариши муносиботи иқтисодию тиҷоратӣ ва маблағгузорӣ баррасӣ намоем”,- иброз доштанд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз доираҳои соҳибкории Япония даъват ба амал оварданд, ки барои шиносоии наздик бо имконоти сармоягузории кишвари мо ба Тоҷикистон ташриф оранд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд






