Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Кетсян
ДУШАНБЕ, 13.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. 13 октябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Кетсянро, ки бо сафари расмӣ ва барои иштирок дар Ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ли Кетсянро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, таъкид доштанд, ки ҷониби Тоҷикистон аз рушди ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки акнун ба сатҳи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ баромадааст, таваҷҷуҳи хосса дорад”.
Аз иштироки фаъоли Ҳукумати Чин дар таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, имзои Барномаи ҳамкории байни Тоҷикистону Чин, ки ба татбиқи ташаббуси “Як камарбанд — як роҳ” ва “Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон дар давраи то соли 2030” нигаронида шудааст, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот оид ба ҳаҷми гардиши мол, пешбурди лоиҳаҳои азими иқтисодию иҷтимоӣ, ҷалби сармояи Чин дар соҳаҳои саноати кӯҳӣ, нақлиёт, энергетика, кишоварзӣ ва дигар бахшҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули андеша карданд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон омода аст бо Чин дар самтҳои барои ҷонибҳо судовар, бо роҳи ҷалби сармоя, воридоти технология ва таҷҳизот, истифодаи имкониятҳои “Хазинаи Роҳи абрешим”, таъсиси “Хазинаи сармоягузории Тоҷикистон ва Чин” барои рушди бахши истеҳсолӣ, инфрасохтор, соҳибкории хурду миёна ва туризм ҳамкорӣ ба роҳ монад.
Бо дарназардошти имкониятҳои бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон пешниҳод гардид, ки миёни ҷонибҳо Комиссияи муштарак оид ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика таъсис дода шавад.
Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин ба масоили ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёт, содироти меваю сабзавоти аз ҷиҳати экологӣ тоза ва дигар маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ ба бозорҳои Чин, ҷалби сармоя барои рушди зерсохтори соҳаи туризм ва густариши ҳамкории фарҳангию гуманитарӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Ба иқдоми ҷониби Чин барои бунёди биноҳои Парлумон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар асоси дастгирии беғаразона амалӣ мегардад, баҳои баланд дода шуд.
Дар мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин масоили ҳамкории Тоҷикистону Чинро дар самти таъмини амнияти минтақавӣ баррасӣ карданд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд






