Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Императори Япония Акихито

Октябрь 5, 2018 07:54

ДУШАНБЕ, 05.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. 5 октябри соли 2018 дар доираи сафари расмӣ дар Япония Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Токио бо императори Япония Акихито мулоқот карданд.

Дар мулоқот бо изҳори қаноатмандӣ аз сатҳу сифати муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистон ва Япония дурнамои муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ гардид.

Таъкид шуд, ки робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Япония дар марҳилаи рушду тавсеаи бештар қарор дошта, то имрӯз байни ду кишвар зиёда за 420 лоиҳаи муштараки иҷтимоӣ ба маблағи беш аз 350 миллион доллари америкоӣ татбиқ карда шудаанд.

Ҷонибҳо бо ёдоварӣ аз робитаҳои таърихию қадимии ду давлат аз сатҳу сифати имрӯзаи муносибатҳои дуҷонибаи сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва гуманитарӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, муҳимияти рушду густариши ҳамкориро дар ин соҳаҳо таъкид доштанд.

Таваҷҷуҳи зиёд ба рушду тавсеаи бештари ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои молиявӣ, ҷалби сармояи мустақими Япония ба иқтисодиёти Тоҷикистон ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар бахши хусусӣ зоҳир карда шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Императори Япония барои дастгириҳои пайваста дар таълим ва таҷрибаомӯзии мутахассисони тоҷик дар муассисаҳои таълимии Япония дар доираи барномаҳои зиёди ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва кумакҳои техникию гуманитарӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.

Дар мулоқот ҳамчунин доир ба муҳимияти муборизаи муштарак бар зидди терроризми байналмилалӣ, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккилу фаромиллӣ, таъмини амнияти минтақавӣ ва таҳкими тадбирҳои идоракунии сарҳади давлатӣ бо дарназардошти вазъи мураккаби Афғонистон ҳам дар доираи дуҷониба ва ҳам дар доираи Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Япония» табодули афкори судманд сурат гирифт.

Мулоқот бо Императори Япония Акихито 05.10.2018

Октябрь 5, 2018 07:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд