Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон бо ҷоизаи ҷаҳонии «Эътирофи ҷомеа — 2018» сарфароз гардид
ДУШАНБЕ, 02.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриниссо Юсуфӣ дар радифи намояндагон- бонувони кишварҳои Россия, Аморати Муттаҳидаи Араб, Шоҳигарии Ирландия, Германия, Туркия, Япония ва Корея бо ҷоизаи ҷаҳонии «Эътирофи ҷомеа — 2018» сарфароз гардонида шуд.
Ҷоизаи мазкур дар Форуми дуюми занони Авруосиё, ки дар мавзӯи «Занон ва рушди устувори ҷомеаи ҷаҳонӣ» дар шаҳри Санкт- Петербурги Россия доир гардид, ба бонувон супорида шуд.
Дар Форум беш аз се ҳазор нафар бонувони сиёсатмадор, олимон, арбобони ҳунар, роҳбарони соҳаҳои гуногун аз 120 кишвари олам ширкат варзиданд.
Ба кори Форум Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ҳусни ифтитоҳ бахшид. Дар Форум масъалаҳои марбут ба ҳалли мушкилоти занон ва нақши онҳо дар рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ матраҳ гардиданд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






