Мутахассисони НБО-и «Норак» ва «Бойғозӣ» барои истеҳсоли барқи хушсифат дар давраи тирамоҳу зимистон омодагии ҷиддӣ мебинанд

Октябрь 22, 2018 08:59

НОРАК, 22.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Мутахассисони  Неругоҳи барқи обии «Норак» барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019  ва  дар фасли зимистон таъмин намудани хоҷагии халқи мамлакат бо барқи хушсифат корҳои омодагӣ ва таъмири  ҷорӣ, миёна  ва асосии  гидроагрегатҳо ва таҷҳизоти ёрирасонро  мувофиқи нақша гузаронида  истодаанд.  Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» сармуҳандиси НБО-и «Норак» Рустам Фозилов хабар дод.

Тибқи иттилои сардори шуъбаи истеҳсоли техникии НБО-и «Норак» Анвар  Киромаддинов, то имрӯз мутахассисон ин корхонаи бузург аз рӯи нақшаи корҳо  барои омода намудани неругоҳ ба кори муътадил ва устувор дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 як зумра корҳои муҳим, аз ҷумла, захира намудани равғанҳои  ТП–30 ва Т–1500,  таъмири дегхонаи системаи гармидиҳӣ ва таъмини оби гарм, дар ҳолати омодабош нигоҳ доштани  дизел-генераторҳо, баровардани селовардҳо аз барражи №1-2 ва аз ҳавзи сой, баровардани селовардҳо аз канали обгузари ТКБ-500кВ ва пур намудани  ҷойҳои фурӯрафта дар ТКБ-220 кВ, тоза намудани паси бинои  зилзиласанҷиро иҷро намудаанд.

Айни замон дар НБО-и «Норак» мувофиқи нақша, гидроагрегати  №3  дар таъмири миёна қарор дорад.  То имрӯз дар асоси  нақшаи таъмири неругоҳ дар таҷҳизоти асосӣ зиёда аз 92 таъмир ва дар таҷҳизоти ёрирасон зиёда аз 235 таъмири ҷорӣ ва миёна гузаронида шудааст. Ҳоло чунин таъмирҳо мувофиқи нақша идома доранд.

Кормандони Неругоҳи барқи обии «Бойғозӣ» низ барои истеҳсоли барқи хушсифат дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 омодагии ҷиддӣ гирифтаанд. Муовини сардори хадамоти истифодаи техникии неругоҳи «Бойғозӣ» Фахриддин  Ятимов гуфт, ки барои бо оби гарм ва низоми гармидиҳӣ таъмин намудани бинои маъмурии неругоҳ дар дегҳои барқии обии 1,2,3 таъмир гузаронида шуда,  қисмҳои корношоями онҳо аз нав барқарор гардид.

Ҳамчунин барои таъмини бехатарии кормандон дар  роҳи нақлиётгарди Чашма-Бойғозӣ ва Бойғозӣ-Оби туғ  15 метри кубӣ маводи зидди лағжиш, 500 км намак, 5 тонна сӯзишвории дизелӣ ва 2 тонна сӯзишвории бензин захира карда шудааст. Ҳамзамон техникаҳои неругоҳ дар ҳолати корӣ қарор доранд.

Сармуҳандиси НБО-и «Бойғозӣ» Ҷамшед Маҳмадхонов иброз дошт, ки дар асоси нақшаи таъмири генераторҳои неругоҳ айни замон генератори сеюм ва чаҳорум аз таъмири ҷорӣ бароварда шуданд. Моҳи ноябри соли равон таъмири асосии генератори 1 ва таъмири ҷории  генератори 2 ба нақша гирифта шудааст.

Ба иттилои мутахассисон,  оби обанбор дар неругоҳҳои мазкур  айни замон дар сатҳи максималӣ қарор дорад.

Октябрь 22, 2018 08:59

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд