Намояндаи Парлумони Тоҷикистон дар Ассамблеяи Иттиҳоди байнипарлумонӣ иштирок мекунад
ДУШАНБЕ, 13.10.2018/АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ дар шаҳри Женеваи Швейтсария Ассамблеяи 139-и Иттиҳоди байнипарлумонӣ /ИБ/ ва ҷаласаи тантанавӣ ба ифтихори 20-умин солгарди таъсиси гурӯҳи геополитикии «Евразия»-Иттиҳоди мазкур доир мегардад. Интизор меравад, ки дар ин ҷаласаҳои тантанавӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро узви гурӯҳи миллии парлумонии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди байнипарлумонӣ Наргис Раҳмонова намояндагӣ намояд.
Иттиҳоди байнипарлумонӣ соли 1889 таъсис ёфта, ба ҳайати он 178 кишвари ҷаҳон шомил буда, 12 созмони байналмилалии парлумонӣ мақоми аъзои ассотсиатсияшудаи онро доранд.
Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1997 узви ин созмони байнипарлумонӣ аст. Мақоми олии Иттиҳод Ассамблея ба ҳисоб меравад, ки дар як сол ду маротиба даъват карда шуда, дар кори он бештар аз 1300-1500 ҳайати парламентҳо ширкат меварзанд. Иттиҳоди байнипарлумонӣ дорои чор кумита: оид ба масъалаҳои сулҳ ва амнияти байналмилалӣ, оид ба рушди устувор, молия ва савдо, доир ба демократия ва ҳуқуқҳои инсон ва оид ба корҳои Созмони Милали Муттаҳид мебошад.
Гурӯҳи геополитикии «Евразия» соли 1998 дар Конфронси 100-уми Иттиҳоди Байнипарлумонӣ дар шаҳри Москва таъсис ёфтааст. Ба он кишварҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Федератсияи Россия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон шомиланд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






