Намояндаи Тоҷикистон дар конференсияи байналмилалии «Мушкилоти даврони муосир дар хизмати давлатӣ ва ҳалли онҳо тавассути ҳамкорӣ» иштирок намуд

Октябрь 29, 2018 13:30

ДУШАНБЕ, 29.10.2018. /АМИТ «Ховар»/.  Дар шаҳри Скопеи Ҷумҳурии Македония Конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзӯи «Мушкилоти даврони муосир дар хизмати давлатӣ ва ҳалли онҳо тавассути ҳамкорӣ» баргузор гардид.  Дар ин ҳамоиши илмӣ ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдулхолиқзода иштирок намуда, дар мавзӯи «Ташаккули хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дурнамои рушди он» маърӯза кард.

Тавре аз Донишкадаи идоракунии давлатӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар кори конференсия роҳбарияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва академияҳои соҳаи хизмати давлатии Осиёи Марказӣ ва Аврупо иштирок доштанд.

Ҳадафи асосии конференсия табодули таҷриба, рушди соҳаи идораи давлатӣ ва хизмати давлатӣ миёни кишварҳои аъзо арзёбӣ гардид.

Октябрь 29, 2018 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад