Оғози корҳои сохтмонӣ дар биноҳои Парлумон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 13, 2018 11:31

ДУШАНБЕ, 13.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. 13 октябр дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Кетсян, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои оғози корҳои сохтмонӣ дар биноҳои Парлумон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санги асос гузоштанд.

Сохтмони биноҳо дар доираи ҳамкории судманди Тоҷикистону Чин, дар асоси дастгирии беғаразонаи молиявии ин кишвари дӯсту ҳамсоя бо маблағи 1,5 миллиард юани хитоӣ амалӣ карда мешавад.

Баъди гузоштани санги асос Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ли Кетсян бо лоиҳаҳои сохтмони биноҳои Парлумон ва Ҳукумати Тоҷикистон шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки бинои Парлумон дар шафати хиёбони Рӯдакӣ бунёд шуда, дар қисми пеши он гулгашт бо фаввораҳо, роҳу пайроҳаҳо ба нақша гирифта шудааст.

Баландии бинои асосӣ 49,7 метр, бо назардошти гунбаз — 70 метрро ташкил медиҳад. Масоҳати умумии бинои Парлумон 42 ҳазору 874 метри мураббаъ мебошад.

Дар ошёнаҳои бинои Парлумон толори маҷлисҳои якҷоя барои 1500 ҷойи нишаст, маҷлисгоҳҳои палатаи болоӣ ва поёнӣ ҳар кадоме бо 250 ҷойи нишаст, толори қабули меҳмонони олиқадр, маркази технология ва коммуникатсияҳои иттилоотӣ, маркази тиббӣ, китобхона, толор барои конфронсҳои матбуотӣ бо 350 ҷойи нишаст ва дигар ҳуҷраҳои корӣ ва ёрирасон ҷойгир карда шудааст.

Бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми марказии шаҳри Душанбе, дар ҳудуди хиёбонҳои Рӯдакӣ ва Исмоили Сомонӣ ҷойгир мешавад

Масоҳати қитъаи замини Маҷмааи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 10,27 гектарро ташкил дода, дар он бинои 15-ошёнаи Ҳукумат, ду бинои 13-ошёнагии идораҳои назди Ҳукумат, гулгашт бо роҳу пайроҳаҳо бунёд мегарданд.

Дар ошёнаҳои бинои Ҳукумат толор барои ҷаласаҳои ҳукумат бо 150 ҷойи нишаст, толорҳои дорои 50 ва 80 ҷойи нишаст, ҳуҷраҳои корӣ, толори калон бо 1000 ҷойи нишаст, 3 маҷлисгоҳ, ҳуҷраҳои қабули шаҳрвандон, матбаа, бойгонӣ, ошхона ва дигар ҳуҷраҳо сохта мешавад. Баландии умумии бинои марказӣ 91,5 метрро ташкил медиҳад.

Дар лоиҳаҳои бунёди биноҳои Парлумон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон намои онҳо бо истифодаи унсурҳои миллӣ бо санъати баланди меъмории муосир таҳия шуда, бо услуби хос ва нақшу нигори мувофиқ сохта мешаванд.

Ҳуҷраҳо, толорҳои маҷлисгузаронӣ ва пештолорҳо бо нақшу нигори миллӣ, гаҷкорӣ, кандакорӣ, шишабандӣ ва бо сангҳои табиӣ ороиш дода мешаванд.

Баъди шиносоӣ бо лоиҳаҳои сохтмони биноҳои Парлумон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмончиёнро ба иҷрои корҳои босифат ҳидоят карданд.

Оғози корҳои сохтмонӣ дар биноҳои Парлумон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.10.2018

Октябрь 13, 2018 11:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд