Оғози сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Шри Рам Натҳ Ковинд ба Тоҷикистон

Октябрь 8, 2018 09:58

ДУШАНБЕ, 08.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. 8 октябри соли 2018 дар назди Қасри миллат маросими расмии истиқболи Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Шри Рам Натҳ Ковинд, ки 7 октябр бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд, баргузор гардид.

Ба ифтихори пазироии меҳмони олиқадр майдони Қасри миллат идона ороста шуда, парчамҳои давлатии Тоҷикистону Ҳиндустон партавафшонӣ дошт. Горди фахрии президентӣ ва оркестр саф ороста буд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон муҳтарам Шри Рам Натҳ Ковиндро гарму самимӣ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват карданд.

Баъди гузориши фармондеҳи горди фахрӣ сурудҳои миллии ҳарду давлат садо доданд. Сарони давлатҳо аз назди сарбозон гузашта, ба парчами давлатии Тоҷикистон эҳтиром ба ҷо оварданд.

Маросими истиқболи расмӣ баъди шиносоии сарони давлатҳо бо ҳайатҳои расмии кишварҳо ва гузашти низомии сарбозон анҷом ёфт.

Оғози сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Шри Рам Натҳ Ковинд ба Тоҷикистон 08.10.2018

Октябрь 8, 2018 09:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд