ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, дар баъзе минтақаҳо ҳарорат ба 31 дараҷа мерасад

Октябрь 27, 2018 08:10

ДУШАНБЕ, 27.10.2018. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрноки тағйирёбанда   дар назар аст.   Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда  шуда,  дар ғарби вилоят шабона -1+6, рӯзона  +15+20  ва дар шарқи ин вилоят шабона -11-16   ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм  мешавад.

Дар вилояти Суғд  ҳавои абрноки тағйирёбанда    шуда,  шамол аз самти ғарб 3-8  метр   ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 12-17 метр дар як сония мевазад.  Ҳаво дар водиҳо шабона 6+11  ва рӯзона  21+26   дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок    дар назар буда,  дар водиҳо шабона +10+15 ва рӯзона +26+31   дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, ҳарорат шабона ба 5+10 ва рӯзона ба +26+31 дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда дар назар буда, шабона +7+9  ва рӯзона +28+30  дараҷа гарм мешавад.

Октябрь 27, 2018 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад