ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ДУШАНБЕ, 15.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Аз 16 то 17 октябри соли равон дар ҷумҳурӣ ҳаво ноустувор шуда, дар водиҳо боридани борон ва дар баландии 1000 м барф дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок дар назар буда, дар ғарби вилоят шабона -2+3, рӯзона 11+16 ва дар шарқи ин вилоят шабона -11-16 ва рӯзона -1+4 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок шуда, шамол аз самти ғарб 3-8 метр ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +8+13 ва рӯзона +14+19 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар водиҳо шабона +6+11 ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, ҳарорат шабона ба +2+7 ва рӯзона ба +15+20 дараҷа мерасад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда дар назар буда, ҳаво шабона +3+5 ва рӯзона +17+19 дараҷа гарм мешавад.








Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад






