ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе минтақаҳо боридани борону барф дар назар аст

Октябрь 13, 2018 09:05

ДУШАНБЕ, 13.10.2018. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда,   дар баъзе минтақаҳо   боридани борону барф  дар назар аст.  Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок  шуда, танҳо дар охири рӯз боридани борону барф  дар назар аст.    Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 3+2, рӯзона 10+15, дар шарқи ин вилоят шабона -9-14 ва рӯзона -1+4 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд  ҳавои абрнок   шуда,  шамол аз самти ғарб 3-8    метр ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад.  Ҳаво дар водиҳо шабона +8+13  ва рӯзона +18+23  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок   пешгӯӣ шуда,    дар водиҳо шабона +4+9 ва рӯзона 17+22  дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрноки тағйирёбанда  шуда,  танҳо дар охири рӯз боридани борону барф    дар назар аст. Ҳарорат шабона ба +1+6  ва рӯзона ба +16+21   дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда    дар назар буда, ҳаво шабона +2+4 ва рӯзона +17+19  дараҷа гарм мешавад.

Октябрь 13, 2018 09:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд