Пагоҳ дар баъзе шаҳраку маҳаллаҳои шаҳри Душанбе интиқоли оби нӯшокӣ ба муҳлати як шабонарӯз қатъ мегардад
ДУШАНБЕ, 02.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, бинобар сабаби гузаронидани корҳои таъмирӣ ва васлкунии таҷҳизот дар истгоҳи обтозакунии «Фишорӣ» аз соати 23:00 рӯзи 3 октябри соли 2018 то соати 24:00 рӯзи 4 октябри соли 2018, ба муҳлати як шабонарӯз интиқоли оби нӯшокӣ дар ноҳияи Сино дар маҳаллаҳои Шараф, Ал-Берунӣ, Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии №3 ба номи Дяков, Муассисаи давлатии «Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе», КВД «Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ», ҶДММ «Кохи Наврӯз» ва кӯчаи Варзишгарон ва дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар хиёбони Рӯдакӣ (аз кӯчаи Бухоро то кӯчаи С.Ғанӣ), хиёбони Исмоили Сомонӣ, кӯчаҳои М.Турсунзода, Шевченко, Шероз, С.Носир, Шотемур, Ф.Ниёзӣ, А.Командир, М.Холов, Л.Шералӣ, Ғ.Абдулло, Азизбеков, Ф.Шаҳобов, Л.Толстой, М.Миршакар, Пушкин ва Теҳрон қатъ мегардад.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ нақшаи чорабиниҳо оид ба муваққатан қатъ намудани интиқоли оби нӯшокӣ дар истгоҳҳои обтаъминкунии «Фишорӣ», «Худҷореъ», «Ҷанубӣ—Ғарбӣ» ва «Кофарниҳон» тасдиқ гардид. Ин амал бо мақсади гузаронидани корҳои таъмирӣ-профилактикии шабакаҳои обтаъминкунии Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» ҷиҳати омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 роҳандозӣ мегардад. Тибқи ин нақшаи тасдиқшуда, дар ҷараёни иҷрои корҳои таъмирӣ ва васлкунии таҷҳизот дар истгоҳҳои обтозакунии мазкур интиқоли оби нӯшокӣ муваққатан катъ мегардад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз истиқоматкунандагони маҳаллаю кӯчаҳои зикргардида хоҳиш менамояд, ки миқдори зарурии оби нӯшокиро барои як шабонарӯз захира намоянд.
Тибқи қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ, Шоҳмансур, Сино ва директори Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» вазифадор гардидаанд, ки дар давраи иҷрои корҳои нақшавӣ бо истифода аз мошинҳои обкаш сокинони минтақаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.
Дар қарори мазкур ба Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе супориш дода шудааст, ки дар ҷараёни иҷрои корҳои таъмирӣ таъмини аҳолиро бо оби нӯшокӣ мутобиқ ба талаботи санитарию эпидемиологӣ таҳти назорат қарор диҳад.








«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад
«ЗАН-МОДАР — ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО». Дар Душанбе ҳамоиши маърифатӣ — фарҳангӣ доир гардид
«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад






