Пагоҳ дар Душанбе барӯйхатгирии санҷишии аҳолӣ ва фонди манзил оғоз меёбад
ДУШАНБЕ, 09.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади амалисозии лоиҳаи Барномаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020, аз 10 то 24 октябр дар Душанбе барӯйхатгирии санҷиии аҳолӣ ва фонди манзил доир карда мешавад.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили санҷишӣ дар маҳаллаҳои 64 ва 91-и шаҳри Душанбе ва шаҳри Нораки вилояти Хатлон баргузор карда мешавад.
Соли 2020 дар Тоҷикистон барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил доир мегардад.
«Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба баргузории барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар ҷумҳурӣ, имрӯзҳо як зумра корҳо анҷом дода шуданд. Аз ҷумла, аз 10 то 24 октябр баргузории барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили санҷишӣ дар маҳаллаҳои 64 ва 91-и шаҳри Душанбе ва шаҳри Норак дар назар аст»,- иброз намуд муовини директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмиддин Давлатзода.
Бино ба гуфтаи ӯ, соли 2020 барӯйхатгирии аҳолӣ ба таври анъанавӣ, яъне назарсанҷиии «рӯ ба рӯ» баргузор мешавад.
«Чун асри 21 асри технология аст, мо низ ҳангоми барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил аз технологияи иттилоотӣ самаранок истифода бурданӣ ҳастем. Мо дар сомонаи Агентии омор замима ё барномаи махсус омода намудем, ки дар он варақаи бақайдгирӣ ҷо карда шудааст. Сардорон ё аъзои хоҷагиҳо, ки ба Интернет дастрасӣ доранд, метавонанд ба сомонаи мо ворид шуда, варақаро пур кунанд. Ғайр аз ин мо аз рӯйи имконият истифодаи планшетҳоро ба роҳ монданӣ ҳастем. Ин бисёр самаранок ва муфид аст, чун назарпурсӣ «рӯ ба рӯ» баргузор шуда, дар як вақт маълумот дар планшет коркард мегардад. Ин ҳам сарфаи вақт ва ҳам эътимоднок аст. Албатта, натиҷаи ниҳоӣ аз посухи пурсидашавандагон ба саволҳои варақаи барӯйхатгирӣ ҳам вобастагӣ дорад, яъне ҳар қадар онҳо посухи дуруст диҳанд, ҳамон қадар маълумоти муътамад ва эътимодбахш ҳосил мешавад»,-зикр кард Қиёмиддин Давлатзода.
Ҳамин тавр, дар ҷараёни барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 технологияи муосир ва беш аз 35 ҳазор барӯйхатгирандагон истифода хоҳанд шуд. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳудуди 1.3 миллион хоҷагӣ мавҷуд аст, ки ба ҳар нафар барӯйхатгиранда 400 хоҷагӣ рост меояд.








Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд






