Парлумони Тоҷикистон ба қонуни минтақаҳои озоди иқтисодӣ тағйирот ворид намуд
ДУШАНБЕ, 01.10.2018/АМИТ «Ховар»/. Вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон 1 октябр ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ» тағйиру иловаҳо ворид намуданд.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» аз ҷараёни ҷаласа иттилоъ медиҳад, масъалаи мазкурро дар ҷаласаи якуми иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагон Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода ва раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода тавзеҳ доданд.
Зикр шуд, ки лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади фароҳам овардани заминаи воқеӣ ҷиҳати рушди устувори минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар ва мутобиқати он ба муқаррароти Конвенсияи Киото (1973) дар бораи содагардонии механизми воридот ва содирот аз ҳудуд ва ба ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ таҳия шудааст.
Бояд тазаккур дод, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чор минтақаи озоди иқтисодӣ- «Суғд», «Данғара», «Панҷ» ва «Ишкошим» таъсис дода шудаанд.








Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад
Маҳмадшоҳ Гулзода дар ҷаласаи 24-уми тирамоҳии Ассамблеяи парлумонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Маҷлиси намояндагон тағйирот ба Конвенсия оид ба авиатсияи граждании байналмилалиро қабул намуд
Дар Танзания вохӯрии ҳамоҳангсозии роҳбарони ҳайатҳои парлумонии давлатҳои аъзои СААД доир шуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Даври дуюми Мактаби САҲА оид ба дипломатия, роҳбарӣ ва сулҳоварӣ барои ҷавондухтарон оғоз гардид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона баргузор гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир гардид
Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Арабӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ қабул гардид






