Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ пешниҳод намуд, ки дар Москва мактаби тоҷикӣ кушода шавад

Октябрь 26, 2018 11:40

 ДУШАНБЕ, 26.10.2018./АМИТ «Ховар»/. Талабот ба мактаб бо забони тоҷикӣ дар шаҳри Москва барои сокинони Тоҷикистони муқими ин шаҳр зиёд аст. Ин нуктаро Президенти Академияи илмҳо, раиси Кумитаи палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ 25 октябр дар шаҳри Москва, дар доираи ҳамоиши «Вазъ ва дурнамои ҳамкории иҷтимоӣ – гуманитарии Россия ва Тоҷикистон: илм, маориф, фарҳанг, тандурустӣ» иброз намуд.

Академик Раҳимӣ гуфт, ки барномаи таълимии тоҷикиву русӣ шабеҳи ҳам аст: «Дирӯз мо бо намояндаҳои ҷамъиятҳои бурунмарзӣ ва ҳамватаноне, ки дар Россия фаъолият мекунанд, мулоқот доштем. Онҳо як хоҳиш карданд: дар Москва ё вилояти Москва мактаби тоҷикӣ кушода шавад. Аз Шӯрои Федератсия, Вазорати маориф ва дигар мақомот хоҳиш мекунем, ки ин масъала баррасӣ карда шавад».

Ӯ таъкид намуд, ки дар Москва ва атрофи он қариб 300 ҳазор шаҳрвандон ва сокинони Тоҷикистон зиндагӣ ва кор мекунанд.

«Фарзандони онҳо ба таълими забони тоҷикӣ, таърих, ҷуғрофия, адабиёти Тоҷикистон эҳтиёҷ доранд. Шояд дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ лоиҳаи санҷишии муштараки «мактаби рӯзҳои истироҳатӣ»-ро ба роҳ монем. Биёед, андеша кунем ва роҳе пайдо намоем, то фарзандони мо забони модарии худро фаромӯш накунанд»,- илова намуд Фарҳод Раҳимӣ.

Ба андешаи ӯ, талабот ба забони тоҷикӣ аз ҷониби Россия низ ҳаст: «Дар заминаи ин мактаб мо метавонем давраҳои омӯзишии забони форсӣ ва дарӣ барои шаҳрвандони Россияро ба роҳ монем. Зеро бо забони мо дар Эрон ва Афғонистон ҳам гуфтугӯ мекунанд».

Дар посух ба ин пешниҳоди ҳамкасби худ муовини аввали раиси Кумитаи Шӯрои Федератсияи Россия оид ба илм, маориф ва фарҳанг Лилия Гумерова зикр намуд, ки бунёд ва ифтитоҳи мактаб дар муддати кӯтоҳ ғайриимкон аст, «аммо тариқи мактабҳои рӯзҳои истироҳат ё ташкили синфхонаҳои алоҳида» амалӣ намудани ин иқдом имконпазир аст.

«Мо ҳатман ин масъаларо баррасӣ менамоем ва якҷоя мушаххас мекунем, ки ин гуна марказҳоро чӣ гуна бунёд созем. Фикр мекунам ин пули дӯстии хубе хоҳад буд»,-шарҳ дод Л.Гумерова

Ёдовар мешавем, имрӯз дар Тоҷикистон 185 мактаб бо забони русӣ фаъолият менамоянд ва дар назар аст, ки Россия боз панҷ мактаби дигар бунёд намояд.

 

Октябрь 26, 2018 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид