Президенти Ҳиндустон Шри Рам Натҳ Ковинд бо ҳайати устодону донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 08.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Шри Рам Натҳ Ковинд дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 октябр бо ҳайати устодону донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мулоқот намуд.
Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Шри Рам Натҳ Ковинд ва ҳайати ҳамроҳонаш нахуст бо дастовардҳои устодону донишҷўён, аз ҷумла Парки технологӣ, маркази биотехнология, адабиёти таълифнамудаи намояндагони илму адаби ду ҷониб дар бораи Тоҷикистону Ҳиндустон ва дастхатҳои нодири китобхонаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шинос шуданд. Меҳмони олиқадрро намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳӣ карданд.
Сипас дар толори барҳавои ин муассисаи олии таълимӣ мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон бо намояндагони илму маорифи Тоҷикистон сурат гирифт. Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон аз муштаракоти фарҳангӣ, адабӣ ва илмии намояндагони барҷастаи ду ҷониб ёдовар шуда, мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Ҳиндустонро заминаи асосӣ барои равнақ ёфтани ҳамкории дуҷониба дар оянда арзёбӣ карданд.
Дастгириҳои доимии Ҳукумати мамлакат ва дар ин замина фароҳам шудани шароити замонавӣ барои аз худ кардани касб таҳсили ҷавононро аз давлатҳои дуру наздик, аз ҷумла Ҳиндустон дар муассисаҳои оливу касбии Тоҷикистон тадриҷан зиёд мегардонад. Ҳоло тақрибан ҳазор нафар шаҳрвандони Ҳиндустон дар муассисаҳои оливу касбии Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногун таҳсил доранд. Қисми асосии ҷавонони ҳинду дар Тоҷикистон бо назардошти шуҳрати оламгири амалию назариявии касби табибии тоҷикон дар гузаштаву имрўз ва шароити мусоиди азхудкунии ин касби пуршараф мутахассисони соҳаи тиб мешаванд.
Тақвият ёфтани робитаҳои фарҳангӣ ва илмӣ аз иқдомҳои сарони ҳарду давлати ба ҳам дўсту бародар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Шри Рам Натҳ Ковинд маншаъ гирифтааст. Дар ин замина барои ҷудо намудани стипендияҳои таълимиву зиёд кардани таҳсили ҷавонон тадбирҳои тақвиятбахшанда амалӣ гардонида мешаванд.
Ба имзо расидани Ёддоштҳои нави тафоҳум ва дар ин замина фароҳам шудани имконоти беҳтари ҳуқуқиву моддӣ дар оянда робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ҳиндустонро дар самти маорифу илм ва тиб боз ҳам тақвият мебахшад.
Дар охир ба меҳмони олиқадр туҳфаи хотиравӣ тақдим гардид ва Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон дар китоби меҳмонони олиқадр соядаст гузоштанд.


















Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






