Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Россия ифтитоҳ гардиданд
ДУШАНБЕ, 8.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз, 7 октябри соли равон дар саҳнаи нави Театри калони академии Россия дар шаҳри Москва ифтитоҳи ботантанаи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия сурат гирифт.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, барномаи ҷолиби ҳунарӣ бо иштироки ҳунарпешагони номдори тоҷик ва беҳтарин ансамблҳои рақсӣ манзури аҳли толор гардид.
Ба ҳайати эҷодии Рӯзҳо, ки зери роҳбарии муовини аввали Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ибодулло Машраб сафар намуд, ҳунарпешаҳои шинохтаи Тоҷикистон Давлатманд Холов, Адҳам Холиқов, Шарофат Усмонова, Таҳмина Ниёзова, Муҳаммадрафӣ Кароматулло, Хуршед Иброҳимзода, Зафар Абдуалимов, Манучеҳр Раҳмонов, Соҳибназар Аловатов, Амирҷон Рӯзиев, Александр Тагиров, инчунин Ансамбли давлатии рақсии хизматнишондодаи ба номи Ғаффор Валаматзода «Лола» ва Ансамбли рақсии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев «Парасту» шомиланд.
Ҳамчунин шоми имрӯз, 8 октябри соли равон барномаи ҷолиби консертӣ дар толори Театри калони драмавии ба номи Г.А. Товстоногови шаҳри Санкт-Петербург доир мегардад.
Дар барномаи Рӯзҳо инчунин намоиши мусаввараҳои рассомони Тоҷикистон, намоиши аккосии «Тоҷикистони муосир», намоиши китобҳои тозанашр ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ва муаррифии асарҳои як зумра адибони тоҷик ба забони русӣ низ дар назар аст.
Мақсад аз баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия таҳкими бештари робитаҳои фарҳангии ду давлат ва муаррифии санъату ҳунари халқи тоҷик ба мардуми рус буда, дар давоми 13 соли охир Рӯзҳо бори чаҳорум баргузор мешаванд.












Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






