Рӯзҳои шаҳри Санкт-Петербург дар шаҳри Душанбе оғоз мегарданд

Октябрь 18, 2018 09:20

ДУШАНБЕ, 18.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем,  18-19 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе Рӯзҳои шаҳри Санкт-Петербург баргузор мегарданд. Бо ин мақсад  ҳайати шаҳри Санкт –Петербург  — раиси Кумитаи меҳнат ва шуғли аҳолии Санкт-Петербург Дмитрий Семёнович Чернейко, директори Муассисаи автономии давлатии «Маркази захираҳои меҳнатӣ»-и Санкт-Петербург Алексей Игорович Чистяков,  мутахассиси пешбари шуъбаи кишварҳои ИДМ ва минтақаҳои Федератсияи Россияи Кумитаи муносибатҳои хориҷии Санкт-Петербург Юлия Генадевна Ракитская  ва дигарон  ба Душанбе ташриф оварданд. Баргузории мулоқоти ин ҳайат имрӯз, 18 октябр дар Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза» бо роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар дошта шудааст.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар  доираи ин рӯзҳо  дар  пойтахт   баргузории як зумра чорабиниҳо ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, машварати табибони Санкт-Петербург барои аҳолии шаҳри Душанбе, табодули таҷриба дар соҳаи тандурустӣ, дарсҳои ихтисосӣ (мастер-класс) оид ба вокал ва навохтани асбобҳои мусиқӣ барои тарбиятгирандагони мактабҳои мусиқии шаҳри Душанбе, маърӯза-семинарҳо барои омӯзгорони забони русӣ ҳамчун забони хориҷӣ ва барномаи консертии ҳунармандони театри «Маринский» барои сокинони шаҳри Душанбе дар назар дошта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия яке аз бародаршаҳрҳои фаъол миёни дигар бародаршаҳрҳои Душанбе мебошад, ки сол то сол ҳамкории мутақобилан судманди онҳо густариш меёбад.

Бояд тазаккур дод, ки ҳанӯз 6 октябри соли 1991 баъд аз соҳибистиқлолии Тоҷикистон шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия аз аввалинҳо шуда, бо шаҳри Душанбе паймони бародаршаҳрӣ баста буд.

30 апрели соли 1999 Созишномаи нав байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва шаҳрдории Санкт-Петербург дар бораи ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ ба имзо расид.

Хотиррасон менамоем, ки дар доираи ин ҳамкорӣ  25 сентябри соли  2017   ноиби Губернатори Санкт-Петербург Анна Митянина бо ҳайати бонуфузи соҳибкорон ва аҳли фарҳанги ин шаҳр  ба пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе омада буд.

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо ноиби Губернатори Санкт-Петербург Анна Митянина  мулоқот карда,  ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории Душанбе ва Санкт-Петербургро дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии мавҷуда мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин дар бораи бунёди корхонаҳои саноатии муштарак, коркарди маҳсулоти агросаноатӣ, ҷалби сармоя ва соҳибкорони Санкт-Петербург оид ба рушди соҳибкории хурду миёна, интиқоли таҷҳизоти пешрафтаи тиббию саноатӣ, ҳамкорӣ дар бахши хоҷагии манзилию коммуналӣ, нигаҳдории инфрасохтори шаҳрӣ, маорифу тандурустӣ, афзудани квотаҳо барои донишҷӯён дар мактабҳои олии шаҳри Санкт-Петербург, ташкили курсҳои омӯзиши забони русӣ ва имтиҳонҳои мавҷуда барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар заминаи омӯзишгоҳҳои касбии шаҳри Душанбе, фароҳам овардани шароити арзанда барои будубош ва ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ бо истифода аз иқтидори мавҷуда изҳори назар карданд. 

 

Октябрь 18, 2018 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад