Рустами Эмомалӣ масъулинро барои дар сатҳи баланди ташкилию бадеӣ ва фарҳангӣ таҷлил намудани иди Меҳргон вазифадор кард

Октябрь 11, 2018 08:15

ДУШАНБЕ, 11.10.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ  нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили иди Меҳргон дар шаҳри Душанбе тасдиқ гардид.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар»  хабар доданд,    ин  тадбир бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилию бадеӣ ва фарҳангӣ таҷлил намудани иди Меҳргон амалӣ мегардад.

Тибқи қарори мазкур,  масъулин  вазифадор гардидаанд, ки иҷрои  саривақтии   нақшаи   чорабиниҳои  мазкурро таъмин намоянд.

Ёдовар мешавем, ки 15 октябр дар Тоҷикистон Иди Меҳргон таҷлил мегардад. Ҷашни Меҳргон яке аз идҳои бузурги суннатии кишоварзии аҷдодонамон ба шумор рафта, дар радифи пуршукўҳтарин ҷашнҳои аҷдодии мардуми форсизабон қарор дорад, ки аз замони дуродури таърих сарчашма мегирад. Ин ид дар қатори Садаю Наврўз дар силсилаи идҳои марбут ба тамаддуни кишоварзии  аҷдодонамон аз ҳалқаҳоест, ки онро кишоварзон дар ҷамъбасти ҳосили бо ранҷ парваридаи хеш таҷлил менамуданд.

Иди Меҳргон ба монанди иди Наврўз таҷассумгари суннатҳои он зинаи инкишофи тамаддуни башарист, ки кулли инсоният онро дар давраҳои гуногун тай намудааст. Аз ин лиҳоз, бисёре аз суннатҳои ин идҳоро одамон  бо ҳусни тафоҳум қабул доранд ва онро ҷузъи таркибии тамаддуни умумибашарӣ меҳисобанд.

 

Октябрь 11, 2018 08:15

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд