Ширкати «Барқи Тоҷик» қатъшавии неруи барқро дар баъзе минтақаҳо ҳолати муваққатӣ арзёбӣ кард

Октябрь 18, 2018 09:30

ДУШАНБЕ, 18.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати Саҳомии Холдингии Кушодаи «Барқи Тоҷик» овоза дар бораи ҷорӣ намудани маҳдудияти неруи барқ дар ҷумҳуриро қатъиян рад намуд. Ба иттилои ширкат, қатъ шудани интиқоли неруи барқ, ки қариб як моҳ аст дар баъзе аз минтақаҳои ҷумҳурӣ мушоҳида мешавад, ба корҳои таъмирию омодагӣ ба фасли сармо вобаста аст.

Қатъ шудани интиқоли неруи барқ дар баъзе аз минтақаҳои ҷумҳуриро сардори маркази матбуоти ШСХК «Барқи Тоҷик» Нозир Ёдгорӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» вобаста ба гузаронидани корҳои таъмирию профилактикии хатҳои интиқоли барқ, зеристгоҳҳои баландшиддат ва таҷҳизоти неругоҳҳои барқӣ дар давраи тайёрӣ ба зимистон арзёбӣ намуд.

Ба иттилои номбурда, ШСХК «Барқи Тоҷик» сарфи назар аз рух додани ягон ҳолати ғайримуқаррарӣ, имсол дар нияти ҷорӣ намудани маҳдудият нест. Имрӯзҳо дар баъзе манотиқи кишвар баъзан  қатъ шудани неруи барқ  ба тадбири таъмини беҳтари мардум ва хоҷагии халқ бо неруи барқ вобаста аст.

«Ба ҳама маълум аст, ки хатҳои интиқоли барқ, зеристгоҳҳо, умуман ҳама таҷҳизоте, ки ба истеҳсол ва интиқоли барқ вобастаанд, доимо зери шиддат мебошанд. Аз ин рӯ, дар давраи пеш аз оғози хунукиҳо, ки истифодаи барқ бамаротиб меафзояд ва мавсими барои энергетикҳо хеле душвор ҳисоб мешавад, таъмиру профилактикаи онҳо ногузир аст»,-зикр кард манбаъ.

Нозир Ёдгорӣ иброз намуд, ки «вобаста ба  корҳои таъмирию профилактикии хатҳои интиқоли барқ, зеристгоҳҳои баландшиддат ва таҷҳизоти неругоҳҳои барқӣ дар давраи тайёрӣ ба зимистон зарурат пеш омад, ки  дар баъзе  минтақаҳои ҷумҳурӣ  интиқоли неруи барқ зина ба зина қисман қатъ карда шавад. Ин тадбир муваққатӣ буда, барои хубтар  бо барқ таъмин намудани муштариён дар давраи зимистон роҳандозӣ мегардад».

 

Октябрь 18, 2018 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд