ШУКРИ ОБАТ, ТОҶИКИСТОН! Бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» озмуни суруду оҳанги беҳтарин эълон мешавад

Октябрь 4, 2018 09:00

ДУШАНБЕ, 4.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади тарғиби васеи ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун пешоҳанги масъалаҳои байналмилалӣ оид ба масоили  муосири ҷаҳонӣ ва дар ин замина, қабул гардидани Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Мутаҳҳид зери унвони «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028» Иттифоқи композиторони Тоҷикистон озмуни суруду оҳанги беҳтарин эълон мекунад.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, озмун аз 5 октябр то 5 ноябри соли ҷорӣ идома ёфта, асарҳои беҳтарини мусиқӣ дар намоишҳои театрикунонидашуда ва дигар барномаҳои фарҳангӣ иҷро карда мешаванд.

Ҳадафи озмуни мазкур тарғиби сиёсат ва таҷрибаи Тоҷикистон дар масъалаҳои об, тавсеаи минбаъдаи фаъолияти аҳли эҷод ҷиҳати офаридани асарҳои мусиқии баландғояи замонавӣ, баланд бардоштани маърифат, худшиносиву худогоҳӣ ва ҳисси ифтихори ватандорӣ, васфи Тоҷикистон, баланд бардоштани нақши аҳли эҷод дар тарбияи маънавӣ ва сиёсии ҷомеа, оммавигардонии жанрҳои гуногуни мусиқии касбӣ мебошад.

Ёдрас мешавем, ки озмуни мазкур бо ибтикори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе гузаронида мешавад.

Октябрь 4, 2018 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид