Шукурҷон Зуҳуров бо Шри Рам Натҳ Ковинд роҷеъ ба ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Ҳиндустон суҳбат намуданд

Октябрь 9, 2018 12:37

ДУШАНБЕ, 09.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Шри Рам Натҳ Ковинд, ки бо сафари давлатӣ дар ҷумҳурии мо қарор дорад, баргузор гардид.

«Боиси фараҳмандист, ки робитаҳои гуногунҷанбаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон пайваста дар самтҳои ҷавобгӯи манфиатҳои ҳар ду ҷониб густариш меёбанд, зеро Тоҷикистону Ҳиндустон бо ҳам равобити дӯстона ва қаробати таърихию фарҳангӣ доранд. Ҳанӯз аз даврони қадим робитаи мардуми ду кишвар барқарор буд. Мардумони ду кишвар тайи ҳазорсолаҳо борҳо омезиш ёфта, ба бунёди тамаддунҳои нави пешрафта замина гузошта буданд»,-таъкид намуд зимни мулоқот Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров.

Шукурҷон Зуҳуров таъкид намуд, ки муносибатҳои дӯстона  дар  давоми  солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва   ҳангоми сафарҳои дӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Ҷумҳурии Ҳиндустон ва мулоқотҳояшон  бо роҳбарони олимақоми ин кишвар,   аз ҷумла бо ҷаноби Президент барои ҳамкории оянда заминаи хуб фароҳам оварданд.

Роҷеъ ба ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Ҳиндустон Шукурҷон Зуҳуров изҳор дошт, ки  байни парлумонҳои ду кишвари бо ҳам дӯст ҳанӯз соли 2015 гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории парлумонӣ  таъсис шуда, имрӯз онҳо дар ҷустуҷӯи роҳҳои  нави ҳамкорӣ бо парлумони Ҳиндустонанд.

Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Шри Рам Натҳ Ковинд аз мулоқоташ бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумгҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори қаноатмандӣ  намуда, изҳор дошт, ки  «барои ман боиси ифтихор буд, ки дар палатаи болоии парлумони Ҷумҳурии Ҳиндустон 12 сол фаъолият намудам. Ин барои ман ва ҳамкоронам  як таҷрибаи бузургӣ зиндагӣ  буд.  Парлумон ҷои муқаддас буда, хизмат ба мардум ва  ба мушкилоти онҳо расиданро меомӯзонад».

Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон ҳамчунин иброз намуд, ки  «имрӯз зарур аст ҳамкории тиҷоратию иқтисодиамонро густариш диҳем. Барои баланд бардоштани савдои ду кишвар мо бояд алоқамандии худ, аз ҷумла парвозҳо байни кишварҳоямонро зиёд намоем.  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо табиати хеле зебояш метавонад макони сайёҳони зиёди ҷаҳон гардад. Мо бояд барои беҳтар гардонидани ҳамкорӣ дар ин соҳа тадбирҳои зарурӣ  андешем.  Дар солҳои наздик ман мутмаинам, ки ҳамкории мо аз пештара дида, қавитар мегардад»,-иброз дошт   Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон   Шри Рам Натҳ Ковинд.

Октябрь 9, 2018 12:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои коршиносию машваратии назди Шурои Ассамблеяи парламентии СААД баргузор гардид
Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай мулоқот намуданд
Дар Тоҷикистон Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ дастгирӣ ёфтанд