ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 октябр, чоршанбе, 290-умин рӯзи соли 2018 аст
17 октябри соли 2011 Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини Ҳукумати кишвар ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва дигар шахсони масъул машварати корӣ доир намуда, масъалаҳои ҷамъоварии ҳосилу омодагӣ ба зимистон ва иҷрои супоришҳои зимни сафарҳои дохилӣ додаашонро баррасӣ намуданд.
***
17 октябри соли 2012 дар Кувайт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлати Кувайт шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ мулоқоти судманд анҷом доданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2014 дар шаҳри Душанбе масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Россия дар самти амният баррасӣ гардиданд.
17 ОКТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи умумиҷаҳонии аз байн бурдани камбизоатӣ.
***
Рӯзи назми сиёҳ дар ИМА.
РӮЙДОДҲО:
17 октябри соли 2011 масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Британияи Кабир муҳокима шуданд.
***
17 октябри соли 1929 оид ба пурра таъмир намудани шаҳри Москва қарор қабул шуд.
***
45 сол пеш, 17 октябри соли 1973 11 давлати арабӣ дар бораи ҳар моҳ 5% кам намудани истеҳсоли нафт созишнома ба имзо расониданд.
***
17 октябри соли 2006 аҳолии ИМА ба 300 млн нафар расид.
***
Дар ин рӯзи соли 1918 дар Москва аввалин маротиба дар ҷаҳон Осорхонаи бозичаҳо кушода шуд.
***
17 октябри соли 1990 хазинаи маълумоти IMDb таъсис дода шуд, ки калонтарин хазинаи маълумот ва сомона оид ба кинематография маҳсуб меёфт.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1959 Ширкати «Де Бирс» дар Африкои ҷанубӣ эълон намуд, ки нахустин маротиба аз ҷониби онҳо алмоси сунъӣ истеҳсол карда шуд.
***
Соли 2004 дар Кипр ширинипазҳои маҳаллӣ ширинии шарқиеро бо номи роҳат-лукум ва вазни 2,5 тонна омода намуданд, ки барои таҳияи он беш аз 2 тонна шакар, 350 кг орди ҷуворӣ ва 150 кг меваи хушк истифода шудааст.
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад.









Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






