ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 октябр, душанбе, 302 — юмин рӯзи соли 2018 аст
29 октябри соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо иқдоми башардӯстона, дар рӯҳияи инсондӯстӣ ва раҳму шафқат, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба ифтихори 20 — солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро, ки бо пешниҳоди Роҳбари давлат аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида буд, ба имзо расониданд.
***
2 сол пеш, 29 октябри соли 2016 дар шаҳри Роғун бо иштироки Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳили дарёи Вахш маросими оғози бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии «Роғун» барпо шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2015 дар шаҳри Душанбе масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Франсия баррасӣ шуданд.
29 ОКТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди бемории сактаи майна.
***
Рӯзи байналмилалии псориаз (бемории пӯст).
***
Рӯзи кормандони низоми ҳифзи иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон.
РӮЙДОДҲО:
29 октябри соли 2012 дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду коргоҳи нави истеҳсолӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
***
29 октябри соли 2013 дар шаҳри Кӯлоб 6 корхонаи нави истеҳсолӣ ба кор дароварда шуданд.
***
2 сол пеш, 29 октябри соли 2016 дзюдочии тоҷик Хушбахт Қурбонмамадов дар мусобиқаи The Big Apple Judo Classic-2016 дар Ню-Йорк медали тилло ба даст овард.
***
67 сол муқаддам, 29 октябри соли 1951 нашриёти «Дониш»-и Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт.
***
29 октябри соли 1969 аввалин доду гирифт миёни ду компютер дар доираи лоиҳаи ARPANET сурат гирифт, ки ин ҳодисаро дар таърих тавлиди Интернет меноманд.
***
29 октябри соли 1947 аввалин маротиба ба хотири ба вуҷуд овардани борон аз яхи хушк истифода бурда шуд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1898 дар Россия нахустин киштии яхшикан дар ҷаҳон- «Ермак» ба истифода дода шуд
***
Соли 1945 дар Ню-Йорк аввалин маротиба ручкаи саққодор ба фурӯш бароварда шуд.
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад.









Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд






