ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 октябр, ҷумъа, 278-умин рӯзи соли 2018 аст
5 октябри соли 2011 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сохтмони калонтарин масҷид дар шаҳри Душанбе расман ифтитоҳ гардид.
***
6 сол пеш, 5 октябри соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин аз қароргоҳи Пойгоҳи низомии 201-и Федератсияи Россия боздид намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 дар шаҳри Кӯлоб Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расми ифтитоҳи Маҷмааи Нишон ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
5 ОКТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ.
***
Рӯзи умумиҷаҳонии муаллим.
***
Рӯзи байналмилалии кормандони кофтукови ҷиноӣ.
***
Дар Португалия рӯзи ташкилёбии ҷумҳурӣ.
РӮЙДОДҲО:
5 октябри соли 1963 дар Тоҷикистон Ҳафтаи фарҳанги Қазоқистон оғоз гардид.
***
5 октябри соли 2016 дар Брюссел нишасти вазирони кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ, инчунин конференсия бахшида ба мавзӯи Афғонистон баргузор гардид.
***
18 сол қабл, 5 октябри соли 2000 олимон муайян карданд, ки бо гузашти 14 сол аз садамаи Чернобил ва радиатсияи бавуҷудомада ҳанӯз ҳам дар растаниҳои ҳудуди зарардидаи Украина раванди аз меъёр зиёди мутатсияи генӣ (дигаргуншавӣ ва ё вайроншавии хромосомаҳо ва генҳо) ба назар мерасад.
***
5 октябри соли 1823 дар Англия нахустин маҷаллаи тиббӣ бо номи «Лансет» ба нашр оғоз намуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2006 дар Чин автобусҳои махсусе пайдо шуданд, ки барои иҷрои ҳукми қатл истифода мешуданд.
***
5 октябри соли 1502 Хрисофор Колумб Косто-Рикаро кашф намуд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1864 аз таъсири тундбод дар Калкутта беш аз 300 киштӣ нобуд ва тақрибан 80 ҳазор нафар одамон ҳалок шуданд.
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад.









Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






