«ТАШАККУР БАР ТУ БОДО, УСТОДАМ!». Ба Рӯзи омӯзгорон бахшида мешавад

Октябрь 7, 2018 08:27

ДУШАНБЕ, 07.10.2018. /АМИТ «Ховар»/.  5 октябр дар саросари ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии омӯзгорон ҷашн гирифта шуд. Соли 1994  ЮНЕСКО меҳнату заҳмати омӯзгоронро ба инобат гирифта, бо мақсади қадрдонии мақому манзалати онҳо ин ҷашнро муқаррар намуд.

Дар Тоҷикистон низ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» якшанбеи аввали моҳи октябр Рӯзи омӯзгор таҷлил  мегардад. Имсол ин сана ба 7 октябр рост меояд.

Дар робита ба ин мавзӯъ мухбири АМИТ «Ховар» Ибодат ДАВЛАТЗОДА бо  сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ  ва котиботи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабалӣ САНГОВ  ҳамсуҳбат гардид.

АМИТ «Ховар»:  Аз нигоҳи Шумо омӯзгор кист ва   рисолати ӯ аз чӣ иборат  аст? 

Р.Сангов: Омӯзгор фардест, ки бо  илму таълим сару кор дорад. Илм, таълим, муаллим, олим мафҳумҳои ҳаммаъноянд. Муаллим  бо илму таълим сару кор дошта, бо  навҷӯиву машғулиятҳои пайваста,  шабзиндадориҳо роҳҳои  муосири таълимро ҷӯё мешавад ва онро ба ташнагони илму донишу маърифат  ҳидоят ва  талқин менамояд.

Муаллим барҳақ олим аст, олими рӯҳу сират, тавоноиву хирад, маърифату фазилат. Намояндагони ин пешаи пуршарафро  равшангарони хираду маърифати башар ва афрӯзандагони машъали илму донишу тавоноӣ меноманд.

Дарвоқеъ, касби омӯзгорӣ пешаи пурзаҳмату сангин  аст.  Рисолати омӯзгор  тарбияи инсони комил  мебошад. Аз ин рӯ,  дар ниҳоди  шогирд  тарбия намудани   беҳтарин фазилатҳои инсонӣ  кори осон нест. Ба роҳи рост талқин намудани шогирд вазифаи аввалиндараҷаи  омӯзгор, устод  ва  мураббӣ аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сипосу эҳтироми бепоён ва ихлосмандии хосса доир ба касби пуршарафи омӯзгорӣ  ва рисолати ӯ дар ҷомеа таъкид доштаанд: «Пешаи омӯзгорӣ муқаддастарин касби рӯи олам аст. Бедории фикр, покизагии ахлоқ ва ташаккули ақлонии инсон маҳсули ранҷу машаққати омӯзгорон аст. Муаллим ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии он мебошад. Вай донишу заковат, гармии дили худро бедареғ ба фарзандони халқ медиҳад ва худро хушбахт мешуморад».

АМИТ «Ховар»: Оид ба мақоми омӯзгор дар ҷомеа чӣ андеша доред?

Р.Сангов:  Омўзгор фарди меҳварии соҳаи маорифи кишвар мебошад. Соҳаи маориф дар сиёсати иҷтимоии Тоҷикистони соҳибистиқлол соҳаи афзалиятнок эътироф шуда,  аз ҷониби Сарвари давлат «…омили муҳимтарини наҷоти миллат ва таҳкими давлат» ва «…наҷоти миллат аз таҳдиди хатарҳои муосир» эътироф гардидааст, ки рушду инкишофи соҳаи мазкур ҳамчун «ҳадафи стратегии сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон»  арзёбӣ гардидааст.

Дар  мамлакатамон  ба мақому мартабаи омӯзгор  таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ворид намудани боби алоҳида (Боби 5. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои субъектҳои раванди таълиму тарбия. Мақоми омӯзгор), ки фаъолияти омӯзгорӣ, ҳуқуқу озодиҳо, масъулият, ҳифзи шаъну шараф, имтиёзҳои омӯзгорон, дигар кормандони соҳаи маориф ва таъминоти моддии онҳоро кафолат медиҳад, нишонаи қадрдонӣ ва эҳтиром ба омӯзгорон аст.

Мавриди зикр аст, ки бо қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанўз соли 2011  «Тавсиянома доир ба мақоми омӯзгор дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шуд.  Санади мазкур низоми ягонаи талабот ва меъёрҳои одоби касбиро дар ҳамаи  зинаҳои таҳсилот муайян карда, муносибати байни омӯзгорон ва таълимгирандагон, ҳамчунин дигар аъзои  ҳайати омӯзгорону кормандони муассисаи таълимию тарбиявиро танзим намуда, арзишҳои инсонӣ ва шаъну шарафи касбии омӯзгоронро ҳифз мекунад.

Тавсияномаи Мақоми омӯзгор ҳамчун ҳуҷҷати танзимкунандаи низоми ягонаи талабот ва меъёрҳои одоби касбӣ асосҳои ахлоқи касбиро муайян карда, танзимкунандаи муносибатҳои байни омӯзгор ва таълимгирандагон, инчунин аъзои дигари ҳайати омӯзгорону кормандони муассисаҳои таълимӣ ва тарбиявӣ буда, шароити хуби таҳсил ва кор дар фазои мусоиди таълимиву омӯзиширо барои муоширати байни кормандон, тарбиятгирандагони онҳо, падару модарон, инчунин дигар аъзои ҳайати омӯзгорону кормандони муассисаи таълимӣ ва тарбиявӣ фароҳам месозад.

Мақсади асосии татбиқи меъёрҳои Мақоми омӯзгор баланд бардоштани фарҳангу маърифати кормандони соҳаи маориф, обрӯю эътибори омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таълимӣ мебошад. Мақоми омӯзгор дар асоси меъёрҳои ахлоқии умумиинсонӣ, фарҳанги ниёгон, анъанаҳои демократии муассисаҳои таълимии Тоҷикистон, муқаррароти конститутсионӣ, санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, меъёрҳои ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқи кӯдак муқаррар карда шуда, асосҳои  меъёрии онро меъёрҳои бунёдии башардӯстӣ, инсонгароӣ, касбият, адолатпарварӣ, масъулият, сабурӣ, озодфикрӣ, таҳаммулпазирӣ, шарикӣ ва ҳамраъйӣ (ҳамфикрӣ) ташкил медиҳанд.

Тавсияномаи мазкур омӯзгорро уҳдадор менамояд, ки вазифаи худро бо меҳру муҳаббат ва масъулияти баланд иҷро намуда, дар фаъолияти касбии худ принсипҳои ахлоқу одоби инсонӣ ва касбиро риоя  намояд ва нисбат ба иҷрои уҳдадориҳои хеш содиқ бошад.

АМИТ «Ховар»: Аз таҳлилҳо бармеояд, ки дар замони соҳибистиқлолии мамлакат  соҳаи маориф  рушд ёфта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба он  таваҷҷуҳи  хосса зоҳир менамояд. Дар ин бора чӣ андеша доред?

Р.Сангов:  Дар ҳақиқат,  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Сарвари давлат ба соҳаи  маориф ҳамчун соҳаи афзалиятноки ҷомеа таваҷҷуҳи  зиёд доранд.  Ба андозаи муайян зиёд шудани маоши омӯзгорон  далели ин гуфтаҳост. Махсусан дар арафаи  соли нави таҳсил зиёд шудани маоши вазифавии кормандони соҳаи маориф, таваҷҷуҳи хосса  зоҳир  намудан ба зисту зиндагӣ ва   муҳайё сохтани шароити мусоиди корӣ ба омӯзгорон далели боэътимоди ғамхории рӯзафзуни Ҳукумати ҷумҳурӣ аст.

Дар 27 соли соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ  қисми зиёди муассисаҳои таълимӣ  навсозӣ  ва таъмиру тармим шуда, бо таҷҳизоти муосири таълимӣ, аз ҷумла, технологияҳои иттилоотӣ ва дигар воситаҳои техникӣ таъмин шуданд, ки ин ҳам, пеш аз ҳама, нишонаи ғамхорӣ ба аҳли маориф, бахусус омӯзгорон  мебошад. Омӯзгорони имрӯза бо нақшаву барномаҳои таълимии ҷавобгӯ ба стандартҳои давлатӣ, китобҳои дарсӣ ба муосиртарин воситаҳои таълимӣ ва шабакаҳои замонавии иҷтимоӣ дастрасӣ доранд ва дар раванди таълим аз он самаранок истифода мебаранд. Ин омил мусоидат ва далолат бар он менамояд, ки сатҳу сифати таҳсилот баланд бардошта шуда, таълимгирандагон ба навовариву ихтироъкорӣ, омӯзиши илмҳои дақиқ ва забономӯзӣ бештар ҳидоят карда шаванд ва насли наврасро дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва арзишҳои милливу умумибашарӣ тарбия ва ба камол расонанд.

Мусаллам аст, ки рушду ояндаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат ба кадрҳои соҳибмаърифату донишманд вобастагии амиқ дорад ва дар амалӣ намудани ин ҳадафи нек, пеш аз ҳама, нақши омӯзгорону кормандони соҳаи маориф хеле бузург аст.

Хулосаи назарсанҷии созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ дар ҷамъбасти соли 2017, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз рӯи 4 нишондиҳанда — дастрасӣ ба таҳсилот, сифати таҳсилот, сармояи инсонӣ ва қобилияти рақобати он дар миёни 101 давлати ҷаҳон дар ҷойи 54-ум ва дар доираи собиқ Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар яке аз ҷойҳои аввалин эътироф намудаанд, пеш аз ҳама, аз саҳми омӯзгорон дар партави ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати  мамлакат  ва амалӣ шудани як зумра ислоҳоту иқдомоти соҳаи маориф гувоҳӣ медиҳад.

 АМИТ «Ховар»:  Ҳукумати мамлакат ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи бештар зоҳир менамояд. Мехостам оид ба ҳавасманд гардонидани омӯзгорон назаратонро баён менамудед. 

Р.Сангов:  Ҳавасмандии моддиву маънавӣ —  ин омили дарку эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ, интихоб ва татбиқи шаклу усулҳои самарабахши таълим ва беҳдошти сифати таълим ба шумор меравад.

Мақому мартаба ва қадршиносии омӯзгорон, пеш аз ҳама, ба таваҷҷуҳу ғамхории ҷомеа ва дастгирии ҳар фарди соҳибмаърифат  вобастагӣ дорад. Пас арзанда аст, ки ба хотири гиромидошти омӯзгор ҳамчун «тимсоли ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии миллат» (баҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон) дар марказҳои маъмурии шаҳру ноҳия ва ҳатто шаҳраку ҷамоатҳо мавзеъ ва ё гӯшае бо гузоштани муҷассамаи рамзии Омӯзгор дар иҳотаи гулгашту фароғатгоҳҳо, осорхонаю китобхона, дӯкони фурӯши китобу рӯзнома ва маҷалла, сайру гашт, ки зиёратгоҳи ҳамешагии шаҳрвандон ва макони баргузории чорабиниҳои маърифатӣ бошад, бунёд карда мешуд.

Навхонадорон ҳамчун рамзи эҳтиром ба устод, ба ҳидоятгару  раҳнамо ва волидайни маънавии ҷомеа ҳангоми маъракаи хонадоршавӣ дар назди ин пайкараи рамзӣ  гулгузорӣ намоянд. Хуб мешуд, агар дар ин пайкараи рамзӣ  ин гуфтаи пурҳикмат «Ҳаққи устод аз падар беш аст, В-аз падар устод дар пеш аст»  навишта мешуд.

Ба муассисаҳои таълимиву илмӣ ва омӯзгорони фаъолу ҷӯянда ва эҷодкор дар баробари маблағгузориҳои давлатӣ шаклҳои дигари алтернативии маблағгузориҳо, фондҳои инноватсионӣ, маблағҳои хусусии ташкилотҳо, инвеститсияҳои хориҷӣ, кумаку дастгириҳои соҳибкорони инфиродӣ ва манбаъҳои дигаре, ки ҷалби онҳо ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунанд, ҷудо карда мешуд.

Ба ғолибони озмуни «Муаллими сол» нишондоди моддаи 53-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ба инобат гирифта шуда, ҷиҳати ҷустани роҳҳои дигари ҳавасмандкуниҳо тадбирҳо андешида мешуданд.

Иқдоми муассир мебуд, агар ҳамасола ба омӯзгорони муваффақ, ғолибони озмунҳо, омӯзгорони эҳтиёҷманд ва омӯзгорони ҷавон аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ (анъанаи Ҳукумати шаҳри Душанбе), соҳибкорони маърифатпеша ва шахсони алоҳида калиди ҳуҷраҳои истиқоматӣ ботантана тақдим мегардид.

 АМИТ «Ховар»: Ҳавасмандии моддиву маънавӣ метавонад омили баланд бардоштани масъулиятшиносии омӯзгорон гардад?

 Р.Сангов:  Ҳавасмандии моддиву маънавӣ омили дарку эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ, интихоб ва татбиқи шаклу усулҳои самарабахши таълим ва беҳдошти сифати таълим ба шумор меравад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҳанӯз соли 1995 зимни  суханронӣ дар Машварати ҷумҳуриявии коркунони соҳаи маориф таъкид дошта буданд: «То замоне ки мо барои аҳли илму маориф, зиёиён, онҳое, ки офаранда, парваришдиҳанда ва муҳофизи маънавиёт, ахлоқ ва маърифати ҷомеа ҳастанд, зиндагии сазовору шоиста муҳайё накунем, мақому мартабаи онҳоро ба дараҷае, ки мебояд, баланд  набардорем, ба пешрафт умед бастанамон душвор аст. Ҷомеае, ки ба аҳли маориф, ба устод, омӯзгор, зиёӣ, эҳтиром намегузорад, ба пешрафт муваффақ шуда наметавонад».

Аз ҳакими оқилу доно ва дар ҳалли мушкилот тавоно пурсидаанд: «Барои чӣ муаллими худро беш аз падар таъзим мекунӣ ва ҳурмату эҳтиромашро ҳамеша ба ҷо меорӣ? Гуфтааст: Падар маро аз олами малакут ба замин овард ва устод маро аз замин ба осмон расонд».

Ибодат ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

 

Октябрь 7, 2018 08:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Бо сокинони Ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак доир ба шарҳи қонунҳои миллӣ вохӯрӣ баргузор шуд
«ВАРЗИШГАРОН – ПАРЧАМБАРДОРОНИ МИЛЛАТ». Таҳти ин унвон ҳамоиши варзишӣ ва барномаи фарҳангӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шаҳринав тозакунии каналу заҳбур ва заҳкашҳо оғоз шуд
Бунгоҳи тиббӣ ва бинои маъмурии Маркази миллии таълимӣ барои омодасозии наҷотдиҳандагони Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ ба истифода дода шуд
ТОҶИКОН АЗ ОҒОЗИ ТАЪРИХ МИЛЛАТИ ПАРЧАМДОР БУДАНД. Андешаҳои корманди Маркази тадқиқоти стратегӣ
«Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе!». Дар ноҳияи Шоҳмансур ғолибони даври ноҳиявии озмун ҳавасманд гардонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТЗАЛ. Барои мураббиён машғулиятҳои омӯзишии «Level-2» оғоз гардид
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон озмоишгоҳи ташхиси партовҳои обӣ ба истифода дода шуд
Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо унвони «Профессори фахрӣ»-и ду донишгоҳи Чин сарфароз гардид
ПАРЧАМИ МО ПАРФИШОН АЗ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АСТ! Дар Душанбе ҳамоиши ҷашнии ҷавонону варзишгарон баргузор шуд