«УМРИ МИЛЛАТ АЗ УМРИ ЗАБОН ВОБАСТА АСТ». Дар Душанбе Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил мегардад

Октябрь 3, 2018 09:10

ДУШАНБЕ, 03.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ  нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе тасдиқ гардид.    

Тавре  сардори  Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Абдумаҷид Ҳакимзода  ба мухбири  АМИТ «Ховар» иброз дошт, бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи  чорабинии мазкур дар пойтахт баргузор намудани як силсила барномаҳои фарҳангию фароғатӣ, маҳфилҳои адабӣ ва конференсияҳои илмӣ –амалӣ, аз ҷумла, маҷлиси тантанавӣ таҳти унвони «Умри миллат аз умри забон вобаста аст» ва конференсия бо номи  «Забон – омили пойдории миллат», инчунин  доир намудани  барномаи фарҳангию фароғатӣ дар Боғи  ба номи Садриддин Айнӣ дар назар дошта шудааст.

А. Ҳакимзода зикр намуд, ки тибқи қарори мазкур бо мақсади арҷ гузоштан ба  забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар тамоми  шаҳр навиштаҷоте, ки бузургиву шаҳомати забони тоҷикиро  баён менамоянд, насб  гардида, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе»  вазифадор гардидаанд, ки  дар ин мавзӯъ барнома ва маводи ҷолиб омода созанд. Инчунин тамоми муассисаву ташкилотҳои зерсохтори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вазифадор шудаанд, ки бахшида ба ин рӯз бо иштироки олимону адибон  маҳфилҳои адабӣ баргузор намоянд.

Тибқи қарори дахлдор,  масъулин,  аз ҷумла, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохторҳои марбутаи дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  муваззаф гардидаанд,  ки иҷрои саривақтии нақшаи чорабиниҳоро оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон   таъмин намоянд.

Октябрь 3, 2018 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд