Ҳунармандони Театри академии драмавии ба номи Лоҳутӣ ба Самарқанду Бухоро ба сафари ҳунарӣ баромаданд

Октябрь 3, 2018 14:55

ДУШАНБЕ, 3.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 3 октябри соли равон гурӯҳи хунармандони Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ бо роҳбарии директори театр Лутфулло Давлатзода ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар кард.

Тавре аз Театри академии драмавии ба номи Лоҳутӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни сафар ҳунармандони театр намоиши «Ҷиноят ва ҷазо»-ро ба мардуми Самарқанду Бухоро пешкаш менамоянд. Асари мазкур ба қалами Михаил Зошенко тааллуқ дошта, онро коргардон Абдукарими Машраб ба саҳна гузоштааст.

Ба иттилои манбаъ, намоиши таҳиянамудаи Абдукарими Машраб бозгӯкунандаи масъалаи доғи рӯз, яъне ба амалҳои коррупсионӣ даст задани шаҳрвандон мебошад. Қаҳрамони асосӣ, ки  иштибоҳан аз ҷониби муфаттиш даъват мегардаду молу мулкаш аз ҷониби додарарўсаш фурўхтаву ғорат карда мешавад, дар аввал худ ба амалҳои коррупсионӣ даст мезад. Аз ин рӯ вай аввал барои тамошобин ҳамчун мансабдори порахўр муаррифӣ мегардад…

Бояд зикр кард, ки асар аҳамияти ахлоқиву тарбиявӣ дошта, коргардони намоиш ба воситаи асар ба ҳамагон мерасонад, ки ҳар амали ношоиста ҷавобгарӣ дошта,  ягон ҷиноят бе ҷазо намемонад.

 

 

Октябрь 3, 2018 14:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид