Ҳунармандони Тоҷикистон дар саҳнаи Театри калони Москва ҳунарнамоӣ мекунанд

Октябрь 3, 2018 09:38

ДУШАНБЕ, 03.10.2018./АМИТ «Ховар»/. Даҳҳо нафар ходимони санъати Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсия Россия, ки 7 октябр сурат мегирад, дар саҳнаи нави Театри калони давлатии академии Россия баромад мекунанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия хабар доданд.

«Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия рӯйдоди муҳим барои муколамаи фарҳангӣ ва қадами дигаре дар таърихи дӯстӣ ва ҳамкории Тоҷикистону Россия мегарданд. Тамошобинон дар ин саҳна  устодони санъати Тоҷикистон ва ҳайатҳои беҳтарини консертиро хоҳанд дид», — иттилоъ доданд аз сафорат.

Барои меҳмонон ансамблҳои рақсии «Лола», «Парасту», ҳунармандони халқии Тоҷикистон Адҳам Холиқов, Давлатманд Холов, инчунин овозхонон Шарофат Усмонова, Муҳаммадрафии Кароматулло, Соибназар Аловатов, Хуршед Иброҳимов, Зафар Абдуалимов, Амирҷон Рӯзиев, Александр Тагиров, Таҳмина Ниёзова ва Манучеҳр Раҳмонов барномаи ҳунарии худро пешниҳод мекунанд.

Илова бар ин, дар даромадгоҳи Театри калон асарҳои рассомони муосири тоҷик ва аксҳои «Тоҷикистони муосир» ба маъраз гузошта мешаванд.

Дар ин ҷо қабл аз оғози барномаи консертӣ барномаи ҳамкорӣ миёни намояндагони вазоратҳои фарҳанги ду кишвар ба имзо хоҳад расид.

Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Россия аз 7 то 10 октябр баргузор мегарданд. Дар ин давра дар Китобхонаи давлатии Россия дар Москва намоиши аксҳо ва китоб доир мегардад, ки дар он навгониҳои фарҳанг пешкаши ҳаводорон гардида,  кори муаллифони тоҷик ба забони русӣ муаррифӣ мешавад. Инчунин шиносоӣ бо адибони тоҷик сурат мегирад.

Дар баробари консерт ва маросими ифтитоҳи расмӣ дар Театри калони давлатии академӣ, инчунин 8 октябр ҳунарнамоии устодони санъати тоҷик дар Театри калони драмавии ба номи Товстоногов дар назар аст. Даромад ба консертҳо дар Москва ва Санкт-Петербург бо даъватнома, ки Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Москва ва Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти шимолии Федератсияи Россия тақсим мекунанд, сурат мегирад.

Рӯзҳои 8-10 октябр даромад ба намоишгоҳҳо ройгон аст.

Ёдовар мешавем, ки Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Россия бори охир соли 2015 доир гардида буданд. Он вақт рӯзҳо дар шаҳрҳои Москва, Калининград ва Раменскойи вилояти Москва баргузор шуда буданд.

Октябрь 3, 2018 09:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид