Ҳушдори Ширкати «IRS»: ронандагон бе омодагии ҷиддӣ ба сафар набароянд
ДУШАНБЕ, 11.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 8 октябри соли равон дар роҳи мошингарди Душанбе – Чаноқ боридани борону барф идома дорад. Айни замон сарфи назар аз бардавомӣ ва шиддатнокии бориши борону барф дар роҳи мазкур ҳаракати воситаҳои нақлиёт таъмин аст.
Бо дарназардошти ҳолати мавҷуда, кормандони Филиали ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» ҷиҳати таъмини ҳаракати муназзаму бемонеаи воситаҳои нақлиёт дар ин роҳ тадбир меандешанд. Бо ин мақсад дар ин ҷода ба таври шабонарӯзӣ навбатдорӣ ташкил шуда, кормандони филиал дар маҳалле, ки боришот нисбатан шадид аст, қарор дошта, роҳро мунтазам бо маводи зиддилағжиш коркард менамоянд.
Тавре аз маркази матбуоти ширкати мазкур ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019» Филиали ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки нигоҳдории шоҳроҳи Душанбе-Чаноқро ба зимма дорад, ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ ва ҳамаҷониба дидааст. То имрӯз дар намояндагиҳои филиали Ширкат зиёда аз 10 ҳазор метри кубӣ маводи зидди лағжиш, 260 ҳазор литр маводи сӯзишворӣ, 85 тонна ангишт ва дигар маводи зарурӣ захира шудааст. «Намояндагони филиали ширкат аз он изҳори нигаронӣ доранд, ки дар баъзе воситаҳои ахбори омма иттилое пахш гардид, ки гӯё «IRS» дар сурати номусоид шудани вазъи обу ҳаво ҳаракати воситаҳои нақлиётро дар масири Душанбе – Чаноқ муваққатан қатъ менамояд»,- изҳор дошт сардори маркази матбуоти ширкати мазкур Далер Мерганов.
Д.Мерганов ҳамчунин иброз дошт, ки «роҳбарият ва кормандони «IRS» тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳанд, то рафту омади бемонеа ва муназзами шаҳрвандон тариқи роҳи мазкур таъмин бошад. Вале дар сурати ҷиддӣ ва беист будани хавфи тармафароӣ мо ба ҳеҷ ваҷҳ ҳавасманд нестем, ки ҳамватанони мо ба сафар бароянд, чунки ҳифзи ҳаёти онҳо бароямон аз дигар омилҳо болотар ва авлотар аст. Зеро боридани беист ва шадиди борону барф сабаби сар задани ҳар гуна офатҳои табиӣ, аз ҷумла, ҳолатҳои зиёди сангфароӣ, лағжиши кӯҳпора ва омадани сел мегардад».
Бояд гуфт, ки ҳатто шабона низ кормандони филиали Ширкат баҳри бехатарии роҳи мазкур камари ҳиммат баста, 181 адад техникаву механизмҳои он дар ҳолати корӣ қарор доранд.
Ба ғайр аз ин хати доимии филиали ширкат бо шумораи 48 701 10 20 фаъол аст, ки тавассути он тамоми муроҷиатҳо қабул ва дар ин замина таъҷилан баррасӣ мегарданд.
Бояд гуфт, ки роҳи Душанбе–Чаноқ аз минтақаи релефаш душвори кӯҳистон гузашта, дар муқоиса бо дигар роҳҳои мамлакат аз офатҳои табиӣ, аз ҷумла, тармафароӣ, лағжидани кӯҳпора, сангфароӣ ва омадани сел зиёдтар осебпазир аст.
Филиали Ширкати саҳҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамаи ронандагон ва мусофирон хоҳиш менамояд, ки махсусан дар рӯзҳои боронӣ бояд дучанд эҳтиёт кунанд. Ронандагон пеш аз баромадан ба сафар мошинҳои худро пурра аз назорати техникӣ гузаронда, ҳангоми ҳаракат дар роҳ ба қоидаҳои бехатарӣ риоя намуда, ҷони худ ва дигаронро зери хатар нагузоранд.








Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Дар Хадамоти алоқа ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир шуд






