ВКД ҶТ: Дар сӯхтори бозори «Корвон» ягон нафар зарар надидааст
ДУШАНБЕ, 3.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. 3 октябри соли равон тахминан соати 12:00, дар ҳаммомхонаи хусусии дохили бозори «Корвон», мансуб ба шаҳрванд Шодибек Ризоев дар вақти гузаронидани корҳои кафшергарӣ дар масоҳати 4 метри мураббаъ сӯхтор ба амал омад.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, қисми Хадамоти оташнишонии бозори «Корвон» ва дигар ҷузъу томҳои СХДО ВКД бо қабули хабар ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, онро дар масоҳати аввалааш сари вақт хомӯш карданд.
Ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи ин сӯхтор ягон нафар зарар надидааст.
Нисбат ба ҳодисаи мазкур корҳои тафтишотӣ идома доранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






