14 ноябр-Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо диабети қанд: пурхӯрӣ ё истеъмоли нодурусти хӯрок метавонад сабаби пайдоиши ин беморӣ шавад

Ноябрь 14, 2018 12:01

ДУШАНБЕ, 14.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 14 ноябр Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо диабети қанд таҷлил карда мешавад. Ин рӯз соли 1991 аз сабаби зиёд гаштани шумораи гирифторони ин беморӣ аз ҷониби Федератсияи байналмилалии диабет (International Diabetes Federation, IDF) ва Ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ (World Health Organization) эълон гардида буд.

Бино ба гуфтаи мутахассисони соҳаи тиб, ин беморӣ солҳои охир бештар дар байни ҷавонон ба назар мерасад ва дар ҳолати густариш қарор дорад.

Тибқи маълумоти Ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ, соли 2008 дар ҷаҳон аз бемории қанд 347 миллион нафар азият мекашиданд. Соли 2012 қариб 1,5 миллион нафар аз ин беморӣ фавтиданд, ки беш аз 80% онҳо сокинони кишварҳои камдаромад ва даромадашон миёна мебошанд.

Сабаби гирифторӣ ба ин бемориро аксар мутахассисон дар фарбеҳии зиёд, аз меъёр зиёд будани холестерин ва равған дар таркиби хун медонанд. Диабети қанд бемории хатарнок буда, дар ин беморӣ гармонҳо бо номи инсулин ё тавлид намешаванд ва ё ба таври зарурӣ фаъолият намекунанд. Инсулин барои табдили қанди таркиби хун ва ғизоҳо ба энергия хизмат мекунад. Дар шахсони гирифтори ин беморӣ бо далели он ки инсулин камбудӣ дорад ва хуб амал намекунад, қанд (глюкоза) то сатҳи хатарнокӣ дар хун боло меравад.

Тавре дар суҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар» мудири шуъбаи муолиҷавии Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии эндокринологӣ Амриддин Абдураҳмонов иброз дошт, бемории диабети қанд ба ду гурӯҳ- навъи якум ва дуюм ҷудо мешавад.

Ҳамчунин мавсуф иброз дошт, ки бемории диабети қанди навъи якумро ба инсулин  вобаста мегӯянд,  чунки бетаҳуҷайраи ғадуди меъдаи ин гуна беморон инсулинро ҳосил намекунад ё миқдори ҳосилашон кам аст. Аз ин лиҳоз онҳо ба инсулин вобаста мебошанд.  Ба ин гурӯҳ  шахсони аз 0 то 35-сола дохил мешаванд.

Бемории диабети қанди навъи дуюмро    аз инсулин новобаста меноманд,  чунки бетаҳуҷайраи ғадуди зери меъдаи ин гуна беморон инсулинро ҳосил мекунад.  Аммо дар ин гуна беморон инсулин  вазифаи худро иҷро карда наметавонад, аз ин лиҳоз миқдори қанд дар хун зиёд мешавад. Ба ин гурӯҳ шахсони аз 35-40-сола боло дохил мешаванд.

Инчунин А. Абдураҳмонов зикр намуд, ки омилҳои пайдоиши ин беморӣ метавонанд  ирсӣ,  фарбеҳӣ,   фишорбаландӣ,  ғадуди зери меъда,  бемориҳои эндокринологӣ ва  ғадуди болои меъда бошанд.  Инчунин   хушк шудани даҳон, пешобронии зиёд, нозук шудан ва афтидани дандонҳо, дер шифоёбии захмҳо аломатҳои дигари ин беморӣ мебошанд. Бояд дар хотир дошт, ки бемории диабети қанди навъи ду метавонад бе аломат пайдо шавад. Аз ҳамин сабаб шахсоне, ки аз 40-сола болоянд,  новобаста аз он ки солиманд,   бояд аз санҷиши қанди хун  як маротиба гузаранд, то сари вақт оризаҳои ин беморӣ пешгирӣ карда шаванд.

Ба гуфтаи мутахассис, солҳои охир ин беморӣ дар байни ҷавонон бештар дида мешавад. Сабаби паҳн гаштани бемории қанд   на танҳо ирсият, балки ҳолати равонии инсон ва истеъмоли хӯрокҳои гуногун низ мебошад. Бояд гуфт, ки   пурхӯрӣ ё истеъмоли нодурусти хӯрок  ба пайдоиши бемории қанд метавонад сабаб шавад. Дар назди Маркази ҷумҳуриявии эндокренологӣ мактаби диабетикӣ барои хурдсолон ва калонсолон фаъол мебошад. Чунин мактабҳо дар назди марказҳои саломатии мамлакат низ мавҷуданд. Дар ин мактабҳо тарзи дурусти истеъмоли ғизо ва паст кардани омилҳои хатарнок омӯзонида мешаванд.

Бино ба иттилои А.Абдураҳмонов, айни замон дар Тоҷикистон    44 ҳазор   нафар беморони диабети қанд ба қайд гирифта шудаанд. Шумораи кӯдакони ба ин беморӣ гирифтори   аз 0 то 25-сола  1000 нафарро ташкил медиҳад.

Бояд гуфт, ки ин беморон барои муътадил нигоҳ доштани сатҳи қанди хун  бояд ҳамарӯза инсулин қабул кунанд. Барои табобати ин беморӣ дар ҷумҳурӣ таъмини ройгон бо инсулин ба роҳ монда шудааст. Беморон метавонанд инсулинро аз Маркази ҷумҳуриявии эндокринологӣ ва марказҳои саломатии маҳалли истиқомат дастрас намоянд.

Ибодат ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Ноябрь 14, 2018 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш

50 ҳазор аҳолии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо оби тозаю безарари нӯшокӣ таъмин мегарданд
Ба Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҷҳизоти нави озмоишӣ дастрас карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст» дар кинофестивали байналмилалии «Шилингел» дар Олмон намоиш дода шуд
Тоҷикистон мизбони ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
«КИТОБХОНА — КОХИ МАЪРИФАТ». Дар шаҳри Кӯлоб ҳамоиши дӯстдорони китоб доир шуд
Дар шаҳри Панҷакент пойгоҳҳои обкашӣ барқарор карда мешаванд
Доир ба нақши забони давлатӣ дар таҳкими худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ ҳамоиш баргузор гардид
Рӯзи забони давлатӣ дар Суди Олии иқтисодӣ ботантана таҷлил карда шуд
Кишоварзони шаҳри Конибодом беш аз 12 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳо ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад