15 НОЯБР – РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТАРКИ ТАМОКУ. Худ ва наздиконатонро аз ин амали марговар канор гиред!

Ноябрь 15, 2018 12:28

ДУШАНБЕ, 15.11.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, панҷшанбеи сеюми моҳи ноябр дар саросари ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии даст кашидан аз тамоку таҷлил карда мешавад. Соли равон ин рӯз ба 15 ноябр рост омад. Агар ба пайдоиши ин ид назар афканем, он соли 1977 аз ҷониби Ҷамъияти саратоншиносони Америка ташкил карда шудааст.

Даст кашидан аз тамоку ва ё маҳдуд намудани истеъмоли он яке масъалаҳое мебошад, ки ҷомеаи ҷаҳонро ба нигаронӣ овардаанд. Ба ин хотир, соли 2005 Конвенсияи қолабии Ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ оид ба мубориза бо тамоку ҳукми амал гирифт.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба мисли дигар мамлакатҳои мутараққӣ ба масъалаи маҳдуд намудани истеъмоли тамоку таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Зеро маҳз тамокукашӣ сабаби пайдоиши бемориҳои табобатнашаванда гардида, ҳатто ба марг оварда мерасонад.

Тибқи иттилои  Ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ, истифодаи тамоку яке аз сабабҳои асосии беморӣ ва  фавти аҳолӣ ба шумор меравад. Мутобиқи маълумоти ин ташкилот, ҳамасола дар ҷаҳон зиёда аз 6 миллион нафар аз бемориҳое, ки ба тамокукашӣ вобастаанд, мефавтанд.

Зимнан, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саломатии миллатро боигарии давлат дониста, дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат ба ин соҳа таваҷҷуҳи беандоза зоҳир намуданд. Муҳимияти пешгирӣ ва ё маҳдуд намудани ин масъаларо ба назар гирифта, 2 январи соли 2018 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» аз тарафи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид. Таҳрири нави қонун ба ҳифзи солимӣ ва пешгирии бемории аҳолӣ равона гардида, ҳамзамон истеҳсол, содироту воридот ва фурӯши маҳсулоти тамокуро дар мамлакат танзим менамояд.     Ғайр аз ин, Тоҷикистон соли 2013 ба Конвенсияи амсилавӣ оид ба мубориза бар зидди тамоку ҳамроҳ гардид.

Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ қабул намудани ин қонунро ба назар гирифта,  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро яке аз барандагони Ҷоиза барои саҳмгузорӣ дар роҳи мубориза бо тамоку эълон кард.

Ин ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ  31 майи соли равон дар Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо тамоку дар баробари панҷ созмон ва фарди дигар Сарвари давлати Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмонро аз барандагони ҷоиза дар минтақаи аврупоии худ ном бурд.

«Раҳбари Тоҷикистон мубориза бо тамокукаширо  аз самтҳои асосии  сиёсати худ  қарор дод ва бо ташаббуси вай 2 январи имсол қонуне қабул шуд, ки кашидани тамоку дар  ҷойҳои ҷамъиятиро  манъ мекунад»,- омадааст дар баёнияи  ташкилот.

Медали Ташкилоти ҷаҳонии тандурустиро 19 июни соли равон дар шаҳри Душанбе  ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намояндаи он Игор Поканевич супорида, ба саҳм ва нақши Президент ва Ҳукумати кишвар баҳри таъмини солимии ҷомеа баҳои баланд дод.

Тибқи таҳлили мутахассисон, дар як дона тамоку зиёда аз 4 ҳазор намуд моддаҳои химиявӣ мавҷуд буда,  аз онҳо 250 намудашон зараровар ва 50 намуди дигарашон бавуҷудоварандаи бемории саратон мебошанд.

«Тамокукашӣ ба саломатии инсон зарари калон дорад. Он яке аз сабабҳои асосии гирифтор шудан ба бемориҳои вазнин мебошад. Ҳангоми воридшавии дуди тамоку ба бадани инсон он ба вайроншавии торҳои асаб, ки узвҳои дохили баданро идора мекунанд, оварда мерасонад»,-зикр намуд табиби бемориҳои шуши Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки «Шифобахш» Ҳотамҷон Мирзоев дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар».

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, ҳангоми истеъмоли тамоку он пеш аз ҳама, ба узвҳои нафаскашӣ дохил шуда, ба онҳо таъсири манфӣ мерасонад. Он моддаҳои зараровари бофтаҳои пардаи луобии роҳҳои нафасро заиф намуда, ба як қатор бемориҳои узвҳои нафас оварда мерасонад. Тамокукашӣ сабаби бемориҳои илтиҳоби найчаҳои шуш, саратони шуш, илтиҳоби пардаи луобии ковокии бинӣ ва дигар бемориҳои роҳи нафас мешавад.

«Никотини таркиби тамоку, қобилияти камкунии шараёнҳоро дорад, ки бо мурури вақт ба харобшавии рагҳои пой оварда мерасонад. Аз ҷумла, ба узвҳои гардиши хун таъсири манфии худро мегузорад ва ба бемории ишемикии дил, мусоидати фишорбаландии шараёнӣ низ сабаб мешавад»,-илова намуд  Ҳотамҷон Мирзоев.

Ба гуфтаи ин мутахассиси соҳа, тамокукашии занон хатари бештар дорад, зеро организми онҳо нисбат ба мардҳо заифтар мебошад. «Инчунин ҳастанд заноне, ки ҳангоми ҳомиладорӣ тамоку истеъмол мекунанд, ки он ба тифоли батнашон низ хатари бештар дорад. Метавонад тифл носолим ва бо нуқсонҳо ба дунё биёяд»,- хулоса намуд ҳамсуҳбати мо.

Шарҳи нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» ба талаботи байналмилалӣ, бахусус Конвенсияи қолабии Ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ мутобиқ гардонида шудааст.

Тибқи маълумоти расмӣ, дар Тоҷикистон зиёда аз 500 ҳазор нафар тамоку мекашанд, ки аз инҳо 78 фоизро мардон, 10 фоизро занон ва 12 фоизи дигарро наврасон ташкил медиҳанд.

Ғайр аз ин тибқи таҳлилҳои коршиносон, дар Тоҷикистон 97 ,8 фоизи мардум чунин меҳисобанд, ки тамоку ва носкашӣ одати зарарнок аст, 92, 5 фоизи дигар сиёсати зиддитамокукашии давлатро дастгирӣ менамоянд ва умуман 90,3 фоиз мехоҳанд аз тамокукашӣ даст кашанд. Ин нишондиҳандаи он аст, ки маърифати иттилоотии аҳолӣ боло рафта, мехоҳанд саломату бардам бошанд. Зеро тавре Сарвари давлат гуфтаанд: «Саломатии миллат боигарии давлат аст».

Дар баробари тамоку дар Тоҷикистон кашидани нос хеле маъмул аст. Баъзан ҳолатҳое ба назар мерасанд, ки шахсони носкаш дар кӯчаву хиёбонҳои тоза – маконе, ки  ҳазорон нафар дар онҷо гаштугузор мекунанд, нос туф карда, муҳити атроф ва экологияро вайрон мекунанд. Ин ҳолат нигаронкунанда мебошад.

Ба гуфтаи мутахассисони соҳаи тиб, истеъмоли нос низ сабаби  бемориҳои саратони лаб, забон ва гулӯ мегардад. Ҳангоми кашидани нос як қисми он ба меъда рафта,  шахс метавонад  ба бемориҳои илтиҳоб ва захми меъда гирифтор шавад. Муҳаққиқон таркиби носро ташхис карда, ошкор намуданд, ки дар   он моддаҳои кимиёвӣ, аз қабили хром, никел, марги муш, сурб ва дигар моддаҳои хатарнок мавҷуданд.

Тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»,  кашидани ҳамаи навъи тамоку, аз ҷумла чилим, нос, инчунин сигорҳои электронӣ дар дохили муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, муассисаҳои фарҳангӣ, варзишӣ, таълимӣ, биноҳои маъмурӣ, коргоҳҳои давлатӣ ва ташкилотҳои хориҷӣ, дохили муассисаҳои хӯроки умумӣ (тарабхона, ошхона, қаҳвахона, чойхона ва ғайра), дар истироҳатгоҳҳо, меҳмонхонаҳо, дохили нақлиёти ҷамъиятӣ, истгоҳҳо, дар ҳудуди вокзалҳои роҳи оҳан, фурудгоҳҳо, майдончаҳои кӯдакон, дар даромадгоҳҳои хонаҳои бисёрошёна, лифтҳо, гузаргоҳҳои зеризаминӣ ва дигар биноҳои ҷамъиятӣ қатъиян манъ мебошад. Кашидани тамоку танҳо дар ҷойҳои махсусе, ки барои тамокукашӣ ҷудо карда шудаанд, мумкин мебошад. Аз ҳамин сабаб бояд корфармо дар коргоҳ ва муассисаҳо  ҷойҳои махсус барои тамокукашӣ ҷудо намояд.

Бояд ёдовар шуд, ки охири моҳи майи соли равон Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дар амал татбиқ намудани талаботи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» бинои вазорат ва ҳамаи муассисаву беморхонаҳои тобеи худро «Бинои озод аз тамоку» эълон намуд.

Ин вазорат яке аз аввалин мақомоти давлатие мебошад, ки чунин тадбир андешид. Ҳоло дар ҳамаи беморхонаҳои тобеи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон навиштаҷоти «Бинои озод аз тамоку» насб карда шуда, ҷойҳои махсуси тамокукашӣ ташкил карда шудаанд. Ғайр аз ин дар мағозаҳо ашёи махсуси тамокугирӣ монда шудааст.

Шукӯҳи ДАЛЕР,
АМИТ «Ховар»

 

 

Ноябрь 15, 2018 12:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Одатҳои бад яке аз омилҳои сар задани бемории саратон мебошад
Шумораи аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе беш аз 84,4 ҳазор нафарро ташкил медиҳад
Вобаста ба ҳамкории байналмилалӣ ва тамоюли иҷрои маҷбурии санадҳои судӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 47 шаҳрванди Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонида шуд
«ТОБИСТОН- 2024». Дар Душанбе ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» табибони Тоҷикистон ва Эрон амалиёти мураккаби ҷарроҳӣ анҷом доданд
Моҳи май Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи намунавӣ» дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст мегардад
Дар шаҳри Исфара сел талафот ва харобӣ ба амал наовардааст
Бахшида ба оғози Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» ҳамоиш доир гардид
Дар ноҳияи Рӯшон барои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ машқи мукаммал гузаронида шуд
ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА ОМӮЗИШИ ИЛМ ВА КАСБУ ҲУНАР. Дар ноҳияи Муъминобод оид ба ин мавзуъ вохӯриҳо доир мешаванд