АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСИИ ТОҶИКИСТОН: зимистони имсола сербориш мешавад
ДУШАНБЕ, 28.11.2018. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи пешгӯии Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон зимистони имсола сербориш мешавад.
Сардори Маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамила Байдуллоева зимни суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» баён дошт, ки мутахассисони агентӣ чанде пеш барои муайян намудани вазъи ҳавои зимистони имсола ба шаҳри Москва сафар карда, бо дастгирӣ ва ҳамкории мутахассисони Маркази ҳавосанҷии Россия вазъи ҳаворо муайян намуданд.
«Аз рӯи пешгӯиҳои мутахассисон, ки дар шаҳри Масква ҷамъ омада буданд, моҳи декабр вазъи ҳаво дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муътадил шуда, дар як қатор ноҳияҳо ҳаво аз меъёри муқаррарӣ аз 0,5 то 1 дараҷа хунуктар мешавад. Бояд гуфт, ки тӯли моҳи декабр боришот дар қисми зиёди ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз меъёри муқаррарӣ зиёдтар дар назар аст», — зикр намуд Ҷ. Байдуллоева.
Ба иттилои ҳамсуҳбати мо, моҳи январи соли оянда дар ҷумҳурӣ ҳаво нисбат ба моҳи январи соли 2018 аз 1 то 3 дараҷа хунуктар хоҳад шуд. Бояд зикр намуд, ки моҳи январи соли гузашта дар қисми зиёди ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳаво аз меъёри муқаррарӣ аз 1 то 3 дараҷа гарм буд. Моҳи январи имсола боришот аз меъёри муқаррарӣ зиёдтар пешгӯӣ карда шудааст.
«Вазъи ҳаво моҳи феврали соли оянда нисбат ба соли гузашта то 1,5 дараҷа пасттар шуда, боришот дар қисми зиёди ҷумҳурӣ, ба истиснои ҳудуди шарқии вилояти Бадахшон дар ин моҳ аз меъёри муқаррарӣ зиёдтар пешгӯӣ карда мешавад»,-иброз дошт Ҷ.Байдуллоева.
Сардори Маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд, ки пешгӯиҳои мутахассисон барои вазъи ҳавои зимистон аз 40 то 60 фоиз дуруст мебароянд. Агар ин пешгӯиҳо қисман дуруст бароянд, моҳҳои декабр, январ ва феврал сардии зиёд пешгӯӣ намешавад.








Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд






