АЛЪАМОН АЗ ҚАЛЛОБОН! Фаррух Ҳалимов, ки худро «милиса», «корманди амният», «прокурор» ва «суд» муаррифӣ мекард, ба даст афтид

Ноябрь 30, 2018 13:15

ДУШАНБЕ, 30.11.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи гузаронидани тадбирҳои фаврӣ—ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд сокини шаҳраки Палоси шаҳри Бӯстон Фаррух Ҳалимови 31-сола, сокини шаҳри Бӯстон ба иттиҳоми даст доштан дар 18 ҳолати қаллобӣ ба даст афтодааст. Дар ин бора имрӯз ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, муттаҳам пештар чор маротиба ба ҷавобгарӣ кашида шудааст. Ахиран моҳи сентябр ӯро додгоҳи шаҳри Хуҷанд барои қаллобӣ 20 ҳазор сомонӣ ҷарима карда буд.

Ба иттилои тафтишот, Фаррух Ҳалимов танҳо дар моҳи ноябр 18 маротиба мардумфиребӣ кардааст.

«Ҳангоми содир намудани ин аъмоли номатлубаш ӯ худро корманди мақомоти «милитсия», «суд», «прокуратура», «кумитаи давлатии амнияти миллӣ», «нозироти андоз» ва «хадамоти фармасевтии вилояти Суғд» муаррифӣ намуда, аз мағозаву дорухонаҳо ва меҳмонхонаҳо гӯё бар ивази ошкор накардани камбудиҳояшон маблағҳои пулӣ ситонидааст», — омадааст дар иттилоия.

Нисбат ба Фаррух Ҳалимов чораи пешгирӣ дар намуди ҳабс татбиқ карда шуда, тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба ӯ аз ҷониби шуъбачаи тафтишотии ШВКД дар ноҳияи Ҷаббор Расулов идома дорад.
Мувофиқи маълумотҳои фаврии дастрасшуда, номбурда дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд низ даст ба чунин кирдорҳои номатлуб задааст.

ВКД ҶТ аз шаҳрвандони кишвар хоҳиш намудааст, ки «агар касе аз Фаррух Ҳалимов ҷабр дидааст, ё дар бораи дигар ҷиноятҳои содиркардаи ӯ маълумот дошта бошад, ба ШВКД дар ноҳияи Ҷаббор Расулов муроҷиат намояд».

Ноябрь 30, 2018 13:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд