Ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати оғози кори агрегати аввали Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”
Нахуст Сарвари давлат кулли мардуми кишвар ва иштирокчиёни тантанаи идонаро бори дигар бо барқи аввали нерӯгоҳи “Роғун” — чароғи равшани хонадони мардуми Тоҷикистон ва ояндаи дурахшони Ватани маҳбубамон табрику таҳният гуфтанд.
Президенти мамлакат таъкид доштанд, ки оғози кори агрегати якуми Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” барои тамоми сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлол санаи фаромӯшнашаванда ва рӯзи таърихӣ мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба талошҳову тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ барои мусоидат ба рушди устувор ва таъмини зиндагии шоистаи мардум андешаронӣ карданд.
Таъкид гардид, ки баъди барқарор гардидани сулҳу субот дар кишвар, бо вуҷуди вазъи мушкили молиявию иқтисодии мамлакат, сохтмони нерӯгоҳи азиму ҳаётан муҳим оғоз гардид. Зеро бидуни сохтмони Роғун талаботи мунтазам афзояндаи аҳолӣ ва соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишварро бо барқ қонеъ намудан ва рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии мамлакатро таъмин кардан ғайриимкон мебошад. Яъне нерӯгоҳи “Роғун” омили муҳимтарини рушду тараққиёти минбаъдаи Тоҷикистон ва зиндагии осудаи мардуми он ба ҳисоб меравад.
Маҳз бо мақсади таъмин намудани рушди босуботи кишвар ва мунтазам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии он ҳукумати кишвар тараққиёти соҳаи энергетикаи обиро самти муҳимтарину афзалиятноки сиёсати иқтисодии худ ва расидан ба истиқлолияти энергетикиро яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ эълон кард.
Таъкид гардид, ки афзоиши табиии шумораи аҳолӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, яъне рушди иқтисоди миллӣ ва афзудани талабот ба нерӯи барқ тақозо мекунад, ки ҳаҷми истеҳсоли он дар кишвар афзоиш дода шавад. Дар 27 соли соҳибистиқлолӣ истеъмоли нерӯи барқ аз ҷониби аҳолӣ сеюним баробар зиёд гардида, ин рақам соли 2017 ба 5,7 миллиард киловатт-соат расид ва имрӯз беш аз 42 фоизи истеъмоли дохилии нерӯи барқ ба аҳолии кишвар рост меояд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаккул додани маданияти сарфакорӣ дар байни аҳолиро яке аз омилҳои истифодаи оқилонаву пурсамари нерӯи барқ маънидод карданд.
Президенти мамлакат “Роғун” — ро манбаи нури ҳар як хонадон, гармии қалби ҳар як фарди Ватан, сарчашмаи иқболу сарбаландии мардуми тоҷик, кафолати рушди босуботи Тоҷикистон ва нуфузу обрӯи давлати соҳибихтиёри тоҷикон номида, ба шаҳрвандони мамлакат, ҳамватанони бурунмарзӣ ба ҳамаи онҳое, ки саҳми ватандӯстонаи хешро дар бунёди иншооти бузурги аср гузоштанд, миннатдорӣ баён намуданд.
Чорабинии имрӯзаро ба муносибати оғози фаъолияти аввалин агрегати Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” барномаи бошукуҳи консертӣ ва мушакпарронии бардавом идома дод.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи мусобиқаи байналмилалии «Бозиҳои оянда-2026» иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Китоби нав таҳти унвони «Роғун» ба табъ расид
Дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» ҳамоиши техникӣ баргузор гардид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон барои бартарафсозии пурраи оқибатҳои сел дар ноҳияи Рӯшон супориш доданд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Муғулистон анҷом ёфт
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз Осорхонаи миллии таърихии Муғулистон боздид намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Муғулистон Ням-Осорин Учрал мулоқот намуданд






