«АНДАЛЕБ-2018»: Дар шаҳри Ҳисор даври дуюми Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии эҷодиёти халқ оғоз гардид

Ноябрь 20, 2018 16:30

ДУШАНБЕ, 20.11.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар  Қасри фарҳанги шаҳри Ҳисор даври дуюми Фестивал- озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2018»  ботантана оғоз гардид.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар расми ифтитоҳи фестивал — озмун Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода иштирок намуда, иштирокчиён ва мухлисони озмунро табрик гуфт.

Вазири фарҳанг иброз дошт, ки файзу баракати даврони соҳибистиқлолӣ, тараннуми ваҳдату дӯстӣ, эҳёи суннатҳои миллӣ аз мавзӯъҳое буданд, ки дар созу наво ва саҳнаҳои ҳунарии иштирокдорони фестивал-озмун бо як ҷаҳон меҳру муҳаббат ва садоқати ватандорӣ таҷассум ёфтанд.

«Дар ин давра ҷиҳати сарпарастию ҳавасманд гардонидани ҳаваскорони санъат ва ободонии муассисаҳои фарҳангӣ роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд, ки аз ин иқдоми неки онҳо Вазорати фарҳанг сипосгузор аст»,-баён дошт Шамсиддин Орумбекзода.

Мавриди зикр аст, ки ба даври дуюм он дастаҳои ҳунарии шаҳру ноҳияҳои мамлакат, ки дар даври аввал холҳои баландтарро сазовор гардида буданд, роҳ ёфтаанд.

19 ноябр намоиши дастаҳои ҳунарии шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон манзури доварон ва мухлисони барнома гардид. Дар натиҷа шаҳри Ҳисор 136,2 ва ноҳияи Ёвон 124,6 хол ба даст оварданд.

20 ноябр дастаҳои ҳунарии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон малакаи худро дар даври дуюм месанҷанд.

21 ноябр дастаҳои ҳунарии ноҳияи Файзобод ва шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, 22 ноябр ноҳияи Тоҷикобод ва шаҳри Хоруғи ВМКБ ҳунарнамоӣ мекунанд.

Даври ҷамъбастии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2018» ва гулчини барномаҳои ҳунарии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 25 ноябри соли 2018 дар Қасри фарҳанги шаҳри Ҳисор баргузор мегардад.

Ноябрь 20, 2018 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид