«АП»: «Дар Турсунзода Жириновский шахсан хоҳиши забҳи гӯсфанд кард…»

Ноябрь 1, 2018 15:25

ДУШАНБЕ, 01.11.2018. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, дирӯз  Роҳбари ҲЛДР В. Жириновский бо ҳамроҳии ҳайати вакилони  Думаи давлатии Федератсия Россия бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард. 

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе  В. Жириновский ва ҳамроҳонашро муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагон Абдуҷаббор Азизӣ,  раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот  Олим Салимзода ва раиси Кумитаи дӯстии байнипарлумонӣ миёни  Маҷлиси намояндагон ва Думаи давлатӣ  Садриддин Шарифов истиқбол намуданд.

Дирӯз пас аз нисфирӯзӣ меҳмонон аз шаҳрҳои Ҳисор ва Турсунзода дидан намуданд. Онҳоро муовини аввали Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ ҳамроҳӣ намуд. «Жириновский аз меҳмоннавозии тоҷикона ба ваҷд омад,-навиштааст «Азия-плюс». –Ӯро дар қалъаи Ҳисор бо нону намак ва зери садои карнаю сурнай истиқбол намуданд. Ӯ бо фарҳанг ва  шаҳрсозии тоҷикон дар асри  миёна ошно гардид».

Дар шаҳри Турсунзода Раиси ҲЛДР бо фаъолияти  ширкати алюминийи Тоҷикистон ошно гардида, дар онҷо бо ҷамоати русзабонони шаҳри Турсунзода мулоқот намуд. Ба меҳмон китоби академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» тақдим гардид, ки дар давраи шӯравӣ ба ҳайси директори Институти шарқшиносии АИ СССР фаъолият кардааст (Ҳоло Институти шарқшиносии АИ ФР).

Дарвоқеъ, дар чорчӯбаи намоишгоҳи фарҳангӣ-таърихии «Тоҷикистон-Россия: бо роҳи дӯстӣ ва созандагӣ», ки дар шаҳри Душанбе 21-22 ноябри соли ҷорӣ гузаронида мешавад, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба 110-солагии академик, Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров конфронси байналмилалии илмӣ баргузор мегардад.

Сипас Жириновский аз боғи деҳқони асил Ҳоҷӣ Неъмат Усмонов дидан кард.

«Аз рӯи анъанаи тоҷикон, ба шарафи меҳмони олиқадр хостанд, ки гӯсфанд кушанд, вале Жириновский изҳор кард, ки ин гӯсфандро худаш забҳ мекунад»,-навиштааст «АП».

Деҳқонон дар инҷо Жириновскийро бо таоми миллии тоҷикӣ — қурутоб меҳмоннавозӣ карданд, ки ба ӯ хеле писанд омад: ӯ аз рӯи анъанаи миллӣ таомро бо даст истеъмол намуд.

Дар ҳаминҷо Жириновский дар ҷамъоварии ангур иштирок намуд ва зикр кард, ки бори аввал аст дар умраш  аз боғ ангур ҷамъ меоварад. Ӯ ба ҳунари деҳқонони тоҷик баҳои баланд дода, гуфт: «Ана ин аст натиҷаи дар дасти деҳқон будани замин».

Дар меҳмонхонаи маҳаллии «Ширкент» ба хотири сафари Жириновский зиёфат ороста шуд, ки меҳмон зимни он зери таронаҳои русӣ дар иҷрои сарояндагони тоҷик рақсу хурсандӣ кард. Инчунин иброз дошт, ки мардуми шаҳри Турсунзода забони русиро хуб баладанд.

Роҳбари ҲЛДР ба ҳафт нафар хонандагони мактабҳои миёнаи маҳаллӣ, ки баҳри меҳмон рақсҳои миллӣ иҷро намуданд,  корти ташрифот тақдим намуда, ваъда дод, ки баъд аз хатми мактаби миёна  барои дохил шудан ба мактабҳои олии Федератсияи Россия мусоидат хоҳад кард.

Имрӯз, 1 ноябр мулоқоти ҳайати  Думаи давлатии Россия таҳти роҳбарии Владимир Жириновский бо Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров, Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин ва донишҷӯёни ДСРТ доир хоҳад гашт.

Ноябрь 1, 2018 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Агентии Чин оид ба ҳамкории рушди байналмилалӣ мулоқот намуданд
Мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагон бо Раиси Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Давлати Қатар доир гардид
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Шурои Подшоҳии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Маҷлиси Шурои Подшоҳии Арабистони Саудӣ мулоқот намуданд
Дар Душанбе тавсеаи робитаҳои парлумонии Тоҷикистон ва Русия баррасӣ гардид
Раиси Маҷлис-аш-Шурои Подшоҳии Арабистони Саудӣ бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад
Қабули қатъномаи Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда рӯйдоди воқеан таърихӣ ва мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад
Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ созишномаи сармоягузорӣ ба тасвиб расид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид
Ба муносибати 29-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиш баргузор гардид
Рушди муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Беларус баррасӣ гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид